Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Омўзгори асил байни шогирдону ҳамкорон ва ҷомеа соҳибобрў аз он мегардад, ки бо касби бошарафи хеш ифтихор дорад ва шогирдони солеҳ, ватандўст ва босавод ба камол мерасонад.
Шарафу бузургӣ, обрўю эътибор ва манзалати омўзгор низ аз арзишҳои назарраси чунин сифатҳо, аз қабили ақлу фаросати расо, илмдўстӣ, фазилатнокӣ, ҳалимӣ, иродатмандӣ, таҳаммулпазирӣ, росткорӣ, боадолатӣ, некбинӣ, зиндадилӣ, рўҳбаландӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ғояҳои иҷтимоӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва эстетикӣ, ҳақталошӣ, донишварӣ, хирадмандӣ, маҳорати суханварӣ, эҷодкорӣ, рафтор ва кирдори шоста муайян мегардад.
Муносибати омўзгор ба омилҳои ташаккули инсонӣ, хусусиятҳои фардӣ, малакаву маҳорат, мансубияти ҷинсӣ, мазҳабӣ, нажоду миллат, аҳволи иҷтимоӣ ва афкори идеологӣ нисбат ба аҳли ҷомеа, махсусан, ба таълимгирандагону толибилмон, сарфи назар аз синну сол, маҳалли истиқомат ва дигар нишонаҳо, набояд бетафовут бошад.
Дар фаъолияти касбӣ садоқатмандӣ ва масъулиятшиносӣ, эҷодкорӣ ва мустақилият зоҳир намуда, усулҳои навоваронаи таълиму тарбияро истифода карда, манфиатҳои моддию шахсӣ, оилавию хешовандӣ ва рафиқиро ба инобат намегирад, арзёбӣ ва баҳодиҳии дараҷаи дониши таълимгирандагонро холисона, беғаразона, воқеъбинона ва одилона дуруст муайян менамояд.
Вай ба парвариш ва ҳимояи ҷисму рўҳ, зеҳн, эҳсосот ва тарбияи маънавияти насли наврас ва толибилмон масъул буда, бо ғамхориву мулоҳизакорӣ ва маданиятнокӣ ба суханони шогирдон ва майлу хоҳиши онҳо эътибор дода, таълимгирандагонро ба эҷодкорӣ ҳидоят менамояд, ба таълимгирандагон хушнудӣ, некхоҳӣ, эътиқоду боварӣ ва некбинию зиндадилӣ бахшида, муҳаббату садоқатро барои зиндагии некбинона бештар гардонда, шахсияти инсонро эҳтиром менамояд.

пешина
аз 344
навбатӣ