МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хонандагони синфҳои миёна асосан ба сужет ба образҳои асар таваҷҷуҳ доранд.
Хонандагони синфҳои болоӣ илова ба он чи гуфта шуд, ба дарки сохтори асар, ғояи он, ҳамчунин, паҳлуҳои гуногуни сабки шоирон рағбат пайдо мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто, хонандагони синфҳои 10-11 ҳангоми таҳлили асарҳои эпикӣ хусусияти хоси онҳоро, аз ҷумла, аҳамияти хоси ҷаҳоншиносии муаллиф, пайванди ботинии қисматҳои алоҳида ба образҳои асар ва махсусияти каломи бадеиро дар ҳамоса муайян карда наметавонанд.
Усули ҳамосии таҷассуми бадеии воқеият ба тасвири берунӣ асос ёфтааст. Бисёр муҳим аст,ки хонандагон ягонагии асарҳои шакли ҳамосиро дарёбанд ва жанр ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими ошкоркунандаи мундариҷаи асар қарор гирад.
Хонандаи мактаб беш аз ҳама бо ҷаҳони бадеии осори насрӣ рағбат дорад. Бинобар ин, таҷрибаи омӯзиши осори мансур барои синфҳои 5-9 асоси корҳои минбаъда дар синфҳои болоро муайян мекунанд.
Хониши асари бадеӣ, дарки эҳсос, бардошти таассурот ва шаклҳои азхудкунии мундариҷаи он аз масоили муҳими тадриси муосири адабиёт маҳсуб меёбад.
Равоншиносон хониши бадеиро ба намуди фаъолияти сухангўии дастурӣ дохил кардаанд. Дар ин ҳол хонанда матни тасвириро (хоҳ чопию хоҳ дастнавис бошад) метавонад ба овозӣ бозгардонад ва аз мазмуни он огоҳ шавад. Мақсад аз хондан, пеш аз ҳама, дарёфти иттилоот ва маъниест, ки дар матн вуҷуд дорад.
Дар ин равиш нақшаи дохилӣ ва берунии ҷараёни хониш, тарзи хондан ва фаҳмидани он аз ҳам фарқ мекунад.
Шаклдиҳии хондану фаҳмида тавонистан фароянди тўлонӣ ва душвор мебошад. Фаҳмидани матн, ба хусус, матнҳои адабиёти классикӣ ба савияи забони асар вобаста мебошад. Ин ҳолат ба дараҷаи малакаи забондонӣ, идрок, ҳофиза, шавқмандии хонанда, таҷрибаи зиндагишиносӣ ирбот дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо