Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фаҳмидани адабиёти бадеӣ дараҷаи баланди хонда тавонистанро тақозо мекунад. Ба ин дараҷа хонандагон оҳиста-оҳиста мерасанд, бинобар ин ҳам, хондан бояд дар тамоми зинаҳои таълим идома ёбад. Хондан дар дарсҳои адабиёти тоҷик, пеш аз ҳама, бояд шакли хоси фарогирии маънавӣ ва зебошиносӣ дар зинаҳои гуногуни омўзиш бошад.
Масалан, дар синфҳои поёнӣ фаъолияти муаллим бояд ба он равона карда шавад, ки хонандагон, бигзор қисман бошад ҳам, тарзи фаҳмида хондан, кор бо луғатро ёд гиранд.
Ташкили ҷараёни хондан бо дарназардошти на фақат хусусиятҳои хоси он, балки махсусияти матни бадеӣ низ аз равиши дурусти таълими адабиёт хоҳад буд.
Ҷудо кардани мундариҷаи образноки матн тафсири образҳои бадеӣ, рамзиву истиорӣ, рамзи воқеа, шахсияти одамон, образи муаллиф муносибати муаллифро тасвири ҳодисаҳо, қаҳрамонон ва вуруд ба таҳтулматни ҳиссии асар осон ва дастрас мекунад. Душвории кор дар ин равиш ба он вобаста аст, ки моҳият ва маънии тасвирҳои образнок, ифодаҳои ташбеҳию истиорӣ то куҷо кашф карда мешаванд.
Ҳатто, фаҳмидани асари на чандон бузургҳаҷм низ ба он вобаста аст, ки хонанда ба амалу кирдори қаҳрамонон, муносибати шахсиятҳо бо ҳамдигар ва ғайра чӣ баҳо медиҳад. Оё вай ба умқи андешаи бадеии муаллиф расида метавонад? Дар ин роҳ ҳам хонанда ва ҳам омўзгор ҳамон вақт муваффақ мешаванд, ки агар хониш ҷузъ-ҷузъ сурат гирад.
Идрок ва тасаввурот ба сабаби ангезаи ҳиссӣ доштанашон хеле фаъол мешаванд. Аҳамияти эҳсосот ҳангоми дарки асари бадеӣ аз он иборат аст, ки эҳсосот ҷараёни идрок ва тасаввуротро идора мекунанд, равиши дарки асри бадеиро амиқ бурда, ба шаклгирии арзёбии зебошинохтӣ мусоидат мекунад, нутқи хонандаро таъсирбахш, фасеҳ карда, муносибати шахсии ўро бо чизи омўхтааш равшан ифода мекунад.

пешина
аз 344
навбатӣ