МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аз «Бўстон»-и Саъдӣ:
Шунидам, ки Луқмон сияҳфом буд,
На танпарвару нозукандом буд.
Яке бандаи хеш пиндошташ,
Забун диду дар кори гил дошташ.
Ба соле сарое бипардохташ,
Кас аз бандаи хоҷа нашнохташ.
Чу пеш омадаш бандаи рафта боз,
Зи Луқмонаш омад ниҳебе фароз.
Ба пояш биафтоду пузиш намуд,
Бихандид Луқмон, ки пузиш чӣ суд.
Ба соле зи ҷудат ҷигар хун кунам,
Ба як соат аз дил бурун чун кунам?
Вале ҳам бибахшоям, эй некмард,
Ки суди ту моро зиёне накард.
Ту обод кардӣ шабистони хеш,
Маро ҳикмату маърифат гашт беш.
Ғуломист дар хийлам, эй некбахт,
Ки фармойиш вақтҳо кор сахт.
Дигар раҳ наёзорамаш сахт дил,
Чу ёд оядам сахтии кори гил.
Аз «Куллиёт»-и Саъдӣ:
Касеро аз одамиён умр, чандон ки Луқмони ҳакимро буд,
набудааст. Се ҳазор сол умри ў буд. Чун ба охир расид ва
малакулмавт биомад, ўро дид дар миёни найбасте нишаста
занбил мебофт. Гуфт, эй Луқмон се ҳазор сол умр ёфтӣ, чаро хона насохтӣ.
Гуфт: Эй Азроил, касе, ки ўро чун туе дар пай буд, парвои хона сохтан кай буд.
Аз «Гулшани сабо»:
Шунидам, ки Луқмон писарро зи меҳр
Ба андарз фармуд, к-эй хубчеҳр.
Махур туъма ҷуз хусравонӣ хуриш,
Ки ҷон ёбадат з-он хуриш парвариш.
Маҷў ком ҷуз аз бути нўшханд,
Маёром ҷуз дар давоҷи паранд.
Ба ҳар хиттае хона бунёд кун,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо