Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-аз он хотири дўстон шод кун.
Бигуфт, эй падар, панди мумкин сарой,
Бигуфт, эй писар, сўи маънӣ гарой.
Чунон луқма бар хештан гир танг,
Ки гардад ба комат чу шаккар шаранг.

Ба роҳат махусб он қадар то тавон,
Ки хорат шавад зери тан парниён.
Зи васли парӣ бош чандон барӣ,
Ки дар дида деват намояд парӣ.
Бад-он гуна кун ҷой дар ҳар диле,
Ки ҳар ҷо равӣ бошадат манзиле.
Дар панди Луқмон бо ройу ҳуш,
Гарат рою ҳуш аст, даркаш ба гўш.
Чу гул ҳамнишинӣ ба ҳар хор кун,
Бадонро ба некӣ ба худ ёр кун.

Зимнан бояд гуфт, ки зиндагонӣ ва ҳикматҳову суханони дигари Луқмон Эзопро ба хотир меоварад. Он чи ки дар китобҳо оид ба онҳо нақл мешавад, сахт ба ҳам монанд аст. Ватани аслии Эзоп низ маълум нест. Ба шаҳодати муаррих Плутарх вай сурати зишт, вале ақли комил ва ҳуши саршор доштааст. Ў ғулом будааст ва охирин хоҷааш Хонтус (ё Ёдмун) озодаш кардааст.
Баъди озод шудан чанде ба сайру саёҳати олам баромада, Миср, Бобул ва баъзе кишварҳои Машриқро дидааст. Дар Сорд ба дарбори Карзус меравад. Бо вуҷуди сурати зишт доштанаш ҳуш ва фатонати ў муҳаббат ва инояти шоҳи Лидиро ҷалб мекунад.
Шоҳ ўро барои назорат ва ҳидояти маъбади Далоф супориш дод.
Вале аз риёкорӣ ва мардумфиребии коҳинони он маъбад сахт ба шигифт омада, дар бораашон суханони таънаомезе гуфт.
Коҳинон аз ў ба тарзи ноҷавонмардона интиқом гирифтанд.
Онҳо ҷоми тиллоиро, ки махсуси худоёни маъбад буд, дар буняи ў гузоштанд, ўро ба дуздӣ айбдор намуданд. Ниҳоят ў ба марг маҳкум шуд ва аз девори ҳисор ба поён афканданд.

пешина
аз 344
навбатӣ