Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин маънӣ дар осори адибон ва донишмандони халқи тоҷик фаровон истифода шудааст. Таъкидҳои Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, «моро ҳарчанд беҳтар парварӣ», «барои парвариши ҷисм ҷон ранҷа кунам», «зи ҳар хошае хештан парварад» ба бо чунин маънӣ нигаронида шудааст.
Дар ҳақиқат, омўзгор шахсест бо мақоми шоистаи тарбиятгар, парваришгар ва офаридагор ҳамеша бор бар дил дар талоши роҳи мақсуд бо меҳру садоқат роҳати манзил надорад.
Арзишмандии ин вожаи хушоянд, аслӣ ва таърихиро ниёгони мо хуб дарк намудаанд.

Шахсият ва симои омўзгор инъикосгари ҳастии ўст ва бо намунаи ибратомўзи рафтор, кирдор ва пиндораш ҳусни назокату покизагиро риоя карда, ҷомеаро раҳнамоӣ ва тарбия менамояд. Ў аз сафсатагўӣ ва пандомўзии номатлуб худдорӣ намуда, ба саҳлангориву шитобкорӣ роҳ намедиҳад ва аз дигарон он чизеро, ки худ барои риоя кардан қодир нест, талаб намекунад. Ҳастанд олимону соҳибунвону ҷоизадорону мансабдороне, ки сирати наку ва фаросати комил надошта, бо олимнамоиву фазлфурўшӣ, мутакаббирию худбинӣ ва ҳарисиву риёкорӣ аз мартабаи инсони комил ва одамият бенасибанд.
Олим ва омўзгори асил ҳамеша дар бунёди муҳити солиму хайрхоҳ ва бомурувват кумак ва ёрии амалӣ расонида, ба атрофиён ҳамкории судманди эҷодиро ба вуҷуд меоварад ва ҳавасмандиро барои дарёфти андешаву донишандўзӣ ба роҳ монда. чиҳати тарғибу азхудкунии арзишҳои фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ босубот хидмат менамояд.

пешина
аз 344
навбатӣ