Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳусни баён ва муоширати худро такмил дода, аз истифодаи калимаю ибораҳои қабеҳ ва таҳқиркунанда худдорӣ менамояд. Вай афкору ақидаҳои шахсии динию мазҳабӣ ва сиёсии шахсиашро ба таълимгирандагон таҳмил насохта, аз ҳама гуна амалҳои ифротгаро ва тундрав, ки ба зуҳури беадолатӣ равона мешаванд, худдорӣ намуда, нисбат ба озодандешии солими таълимгирандагон эҳтиромона муносибат мекунад. Ӯ бо маданияту тамкин ва бо риояи ҳусни калом сухан мегўяд, сабру таҳаммулпазириро пеша сохта, зоҳиру ботини худро яксон дида, аз амалҳои эҳсосотӣ, ки шаъну эътибори инсонии ўро паст мезананд, худдорӣ менамояд.
Шаъну эътибори омўзгор аз масъулияти фаъолияти ҷамъиятӣ низ муайян мегардад, ба шарте ки ба нуфузу эътибори фаъолияти касбии ў зиён нарасонад ва маҷбурӣ набошад ва нақши мондагорро ҳамчун тарбиятгар ва барандаи нури маърифату дониш дар ҷамъият гузошта, ба шарофати баёни озодии андеша, мавқеи холисонаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти башардўстонааш дар ҳаёти ҷомеа намунаи ибрат бошад. Бо чунин дарки масъулият омўзгор уҳдадор аст, ки савганди касбиашро дар ҳама ҳолат сидқан қабул ва иҷро намояд.
Ҳамкорӣ бо волидон, парасторон ва шахсони онҳоро ивазкунанда аз самтҳои муҳими фаъолияти омўзгор буда, дар таъмини тарбияву таҳсилоти босифат самаре ба бор меоварад. Сари вақт аз ҳолати таълиму тарбияи фарзандон огоҳ намудани онҳо мушкилоти тарбияро осон намуда, муносибатҳои мутақобилаи байни омўзгор ва падару модар, инчунин, парасторони онҳоро тибқи риояи эҳтирому боварии ҳамдигарӣ, некхоҳӣ, боодобӣ ва беғаразӣ ба роҳ мемонад.

пешина
аз 344
навбатӣ