МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Фазои босафои хонавода, конуни гарми зиндагӣ ва дунёи ишқу умеди ҳастӣ гоҳе ба хотири аз даст додани падар ё модар ба як водии торик ва ғамгирифта ва ба як дахмаи махсус ва дардолуд табдил мегардад ва барои афрод, махсусан, барои кўдакони хурдсол зиндагӣ ба сурати як ҷараёни талху пурранҷ ва гоҳе марги тадриҷӣ дар меояд.
Ростӣ ҳам чунин аст ва кўдакон, ки падар ё модарро аз даст медиҳанд, усулан ғайр аз мубтало шудан ба мушкилоти моддӣ ва иқтисодии зиндагӣ, чизе, ки бештар қалби онҳоро меозорад ва рўҳияи онҳоро ранҷуру афсурда месозад, аз даст додани ҳидоят ва ҳимояту паноҳгоҳи рўҳӣ аст, ки умуман камтар чизе пайдо мешавад, то ин хало ва камбудро ҷуброн намояд ва ҷои падар ва паноҳгоҳи рўҳиву отифии кўдакони ятимро пур кунад.
Аммо нақши бисёр муҳиме, ки набояд нодида гирифта шавад, агар кўдаке ё кўдаконе ба марги табиӣ ё дар асари беморӣ ё тасодуф ва ё ба хотири дифоъ аз ормону мактаб, ё ба навъи дигаре падар ва паноҳгоҳ ва ҳатто модари хешро аз даст доданд ва бо ин нақиса ва камбуди бузург дар зиндагӣ даст ба гиребон шуданд, ҳаргиз напиндоранд дар чунин вазъе барои онон дунё поён ёфта, ҳамаи равзанаҳои умед баста шуда, роҳи хайру саодат масдуд гашта ва ночор роҳи беҳудагӣ ва ҳарҷо рафтан, сўи истифода ва тан додан ба инҳироф ва табоҳӣ ва бесаводиву бадбахтӣ барои онон боз монда бошад.
Зеро зиёд ҳам иттифоқ афтода, ки дарди ятимӣ роҳи хайри дигареро гушуда ва кўдаконе бо эҳсоси ин дард ва барои эҳсоси ин дард ва барои ҷуброни ин камбуд дар ҳоле ки ноновару сарпарасти дурусте наёфтаанд, ба худ фурў рафтаанд, ба фикри сарнавишт ва ояндаи худ афтода, ҳуш ва истеъдоди худро санҷида, эътимод ба нафс карда ва талхии ин камбуди муҳим дар зиндагиро бо ба коргирии завқу ибтикор ва кору кўшиш, дароз мутолиъа ва таҳсилу тараққӣ ҷуброн кардаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо