Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ки ин андешаҳо ҳақиқатеро ташкил медиҳанд, сухане нест ва дар аҳамияти он низ сухане нест. Аммо бубинем чӣ гуна ба сурати дурўғ даромада ва дорандааш «аҷиб» шудааст.
Ба назар мерасад, ки табиати дурўғин будан дар ин нуқта нуҳуфта бошад, ки Шервуд Андерсон зиндагиро дар сояи ишқ, шўр ва озодӣ пазируфтанӣ медонад ва ин худ ба гунае таноқизомез нафйи зиндагӣ аст, зеро бад-ин тартиб зиндагӣ касолатбор, тиҳӣ ва орӣ аз маънӣ мегардад.
Борҳо шунидаем, ки ин кор ҳосили тааққули беш аз андоза аст, аммо ҳеч кас бар ин нуқта чандон таъкид накардааст, ки отифа, чунончи, ба гунае вижа ҷилва кунад, ба ҳамон андоза вайронкунанда аст.
Бо ин ҳама, ҳангоме ки эҳсосро навъе посух, навъе дармон ба шумор оварем, ҳангоме ки онро навъе абзори интиқод бидонем ва тасаввур кунем, ки метавонад дигар фаъолиятҳои зиндагиро ба каноре ниҳад; дар ҳақиқат ҷаҳонро ба сурати таҷридӣ ва тиҳӣ даровардаем. Ишқу шўр, агар он гуна ки Шервуд Андерсон мепиндорад, ба сурати абзоре дарояд, ки ба ёрии он бар назми ҷаҳони обрўманд битозем, ҷаҳоне сохта ва пардохта мешавад, ки дар амал аз ишқу шўр тиҳӣ аст ва арзиши онро надорад, ки дар он «озод» бошем.

ЯТИМИҲОИ ПИРЎЗ ВА ХУШБАХТ
Ин ду мақола, ки аз китоби Аҳмад Содиқии Ардистонӣ
«Достонҳои кўдакии мардони бузург» иқтибос кардем, бешак,
дар парвариши суботкорӣ, собитқадамӣ ва ҷои худро дар дунё
ёфтани кўдакон ба муаллим ёрии бевосита мерасонанд. Аз он муаллим метавонад дар ҷараёни дарс ва ё машғулиятҳои амалӣ истифода барад.

пешина
аз 344
навбатӣ