Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он вақт аз ин ҷиҳат, ки Саъдӣ худ дарди ятимиро эҳсос карда буд, тайи як силсила тавсияҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба ятимон сурудааст:

Падармурдаро соя бар сар фикан,
Ғубораш биафшону хораш бикан.
Чу бинӣ ятиме сарафканда пеш,
Мадеҳ бўса бар рўи фарзанди хеш.
Ятим ар бигиряд, ки нозаш харад,
В-агар хашм гирад, ки бораш барад.
Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,
Ба шафқат биафшонаш аз чеҳра хок.
Агар сояи худ бирафт аз сараш,
Ту дар сояи хештан парвараш.
Ман он гаҳ сари номвар доштам,
Ки сар бар канори падар доштам.
Маро бошад аз дарди тифлон хабар,
Ки дар тифлӣ аз сар бирафтам падар.

ЛЕВ НИКОЛАЕВИЧ ТОЛСТОЙ
Толстой нависандаи баландпояи рус соли 1828 милодӣ дар деҳкадаи Ясная Поляна воқеъ дар шаҳристони Тула дар 110 километрии Маскав по ба арсаи вуҷуд гузошт.
Толстой таҳсилоти давраи мутавасситаро дар гимназия ба поён расонида ва дар соли 1844 вориди донишгоҳи Қазон шуд ва дар муддати се сол забонҳои шарқӣ ва ҳуқуқро омўхт. Дар 1851 довталабона ба сарзамини Қафқоз рафт ва ба ҳанге, ки бародари ў афсари он буд, ба хидмат ворид шуд, то соли 1854 дар ҷангҳое, ки дар он сомон вуҷуд дошт, ширкат кард ва достонҳои «Кўдакӣ ва даврони навҷавонӣ»-ро дар Қафқоз навишт, ки боиси шуҳрати ў шуд ва ўро дар радифи барҷастатарин нависандагони рус қарор дод.

пешина
аз 344
навбатӣ