Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай тайи солиёне мусофиратҳои илмӣ ва саёҳатии зиёде анҷом дод ва ба кишварҳову шаҳрҳои Суис, Олмон, Маскав, Итолиё, Бруссел, Лондон ва Урупои Шарқ рафт.
Дар соли 1862 издивоҷ кард ва дар охири соли 1863 ба навиштани бузургтарин китоби адабии худ, ки дар ҳақиқат онро бузургтарин асари адабии қарн метавон номид, ба номи «Ҷанг ва сулҳ» пардохт ва ба қавли худаш, панҷ соли тамом барои навиштани ин китоб ранҷ бурдааст.
Толстой дар Маскав ба таълим ва тарбияти ҷавонон пардохт ва дар қаҳтии мудҳише, ки дар соли 1891 ва 1892 гиребонгири миллати рус гардид, вай дар чаҳор ноҳия 188 хона доир кард, ки дар он ҷо қаҳтизадагон ғизои кофӣ дарёфт мекарданд, дорулятимиҳое барои атфоли то синни ду сол таъсис намуд ва барои кишти баҳора базраҳое тақсим кард ва нонвойҳое барои фурўши нонҳои арзон ба вуҷуд овард ва ҳатто, барои анҷоми ин корҳо аз хўроки рўзонаи худ кост ва билохира, дар ҳафтуми ноябри 1910 дар соати шашуними субҳ шамъи рўшноии бузургтарин навобиғи илму адаби Русия хомўш шуд.
Аз китобҳои ў ғайр аз се китоби боло 18 ҷилдро метавон номбурд: «Анна Каренина», «Эътироф», «Ҳоҷӣ Мурод», «Асираи Қафқоз», «Нируи ҷанг», «Ростохез», «Ҳунар чист?», «Шайтон», «Як тири кишвари дўзах», «Тобиши нур ва зулмат», «Интиқоми шавҳар», «Заношўии нописанд» «Меваҳои хирад», «Се марг», «Ду сарбоз» ва ғайра.
Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, Толстой, ки дар зиндагии худ маншои ин ҳама осори хадамотӣ ва фарҳангӣ шуд ва ба мақоми баланди нависандагӣ ва шахсияти ҷаҳонӣ расид, касе буд, ки пеш аз он ки ба дусолагӣ бирасад, модари худро аз даст дод ва ҳанўз нўҳ соли тамом надошт, ки падари ў чашм аз ҷаҳон фурў баст. Ва тўл накашид, ки сарпарасти ў ҳам аз ҷаҳон даргузашт ва ин кўдаки ятим дар сояи ба коргирии истеъдод ва қудрати иродаи хеш тавонист ба он ҳама мақоми баланди илмӣ ва фарҳангӣ даст ёбад.

ЗИНДОНҲОИ МАСЪУД Аз миёни шоирони порсигўй ҳеҷ кас ба андозаи Масъуди Саъди Салмон дарди зиндон ва машаққати занҷирро таҷриба ва таҳаммул накардааст.

пешина
аз 344
навбатӣ