Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ки маҳбус аст ин бандаи мискин,
Бе нон назияд ҳар ки чу банда ҳаявон аст.
Бадбахт касеам, ки аз он чандон неъмат,
Имрўз ҳама қиссаи ман қиссаву нон аст.

Дар ҳақиқат, он гоҳ ки Масъуд аз торикии зиндон ва дарду ранҷу вожгунбахтии худ менолид, ҳеҷ диле нест, ки дардманд нашавад ва касе нест, ки мутаассир нагардад.

Чу боди дай дами ман сарду дам наёрам зад,
Ки дил ба тангӣ мим асту тан ба кажжӣ дол.
Дар ин ҳисору дар ин самҷи тореам, ки ҳаме
Наёрад омад наздики ман зи дўст хаёл.
Зи ранҷ ларзон чун барги ёфта осеб,
Ба дард печон чун мори кўфта дунбол.
Дилам зи меҳнати ў хун шуду ҳаме гирям,
Ҳама шаб аз ғами авроту андўҳи атфол.
Танам ҳанўз нагашта суст ҳам ба пирӣ, пир,
Валек рўйе дорам чу рўйи золе зол.
Нигоҳ кун, ки чӣ гуна зияд касе дар ҳабс,
Ки фаршу ҷомаи ў аз билол бошаду шол.
Зи кас нанолам, ҷумла ман аз ҳунар нолам,
Аз он ки бар тани ман ҷуз ҳунар нагашт вубол.
Дарахти ман, ки ҳаме соя бар ҷаҳон густурд,
Наёфт обу ҳама хушк шуд ба истисол.

Нолаҳои дигари Масъуд дар ин мақола намеғунҷад. Аммо
дар бораи ҳабсҳои ў чӣ гуна бояд қазоват кард.Ў, ки илова бар
шоирӣ далере бебок ва диловар, чолок буд ва худ дар баъзе аз
абёт бад-ин матлаб ишорат дорад. Сухан ин ҷост, ки Масъуд
воқеан сазовори ин банду занҷир буд? Агарчи табъе қавӣ ва
ҳиммате баланд дошт, ҳиммати баланд ва маноъати табъ, ки аз
лавозими кори шоирӣ аст. Аммо ҳиммати баланд ва сар соидан
ба афсари хуршед то сар соидан ба остони хокиён, замин то осмон тафовут дорад.

пешина
аз 344
навбатӣ