Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Омўзгори соҳибкасб бо рисолати ибратомўзи эҷодгарӣ ҳисси муҳаббати шогирдонро ба илму дониш ва ҳунар бедор сохта, дар шараёни қалби онҳо забонаи оташи меҳрро нисбат ба маънӣ ва ҳусни зиндагӣ фурўзон сохта, ба онҳо илҳом, тавоноӣ ва ҷасорат бахшида, пояҳои ахлоқӣ ва пойгоҳи маънавии насли наврасро таҳким мебахшад.
Нодиртарин ва ҷолибу ҷозибтарин лаҳзаҳои сарнавишти омўзгор дар шуури шогирдон афкори тозаву солим, озодии андеша, мустақилият, ҳақиқату адолат ва имону виҷдонро парвариш месозад. Вай хирмани илму донишро бо заҳмату ҷоннисорӣ ва ҳунармандӣ пурбор гардонида, бо усул ва шеваҳои тоза ва самараноки тадрис вуҷуди ақлонӣ ва маърифатии шогирдонро ба ҷунбиш оварда, бо рисолат ва ҳалқаи таъсири хеш такон мебахшад.
Дар ҳама самтҳои фаъолият барои омўзгор малакаву маҳорат ва принсипҳои касбӣ мақоми шоиста дошта, риоя ва эҳтироми он ба баланд бардоштани мақом, нуфуз ва эътибори шахсияти ў мусоидат менамояд. Ҳамзамон, дар баробари дигар созандагони пешқадами иҷтимоъ омўзгор ҳуқуқ дорад, ки аз мавқеъ ва принсипҳои маънавию ахлоқии худ ҳимоя намояд, шаъну эътибори шахсии хешро баланд бардошта, барои амалисозии фаъолияти касбӣ шароити мусоид ва заруриро муҳайё созад ва талаб намояд. Дар ин замина муносибату эҳтироми ҳамдигар, ошкорбаёнӣ, эътимоду садоқатмандӣ ва омода будан ба мубодилаи донишу малакаҳо бунёд меёбад.
Муҳайёсозии муҳити солим, мубодилаи афкор, баробарҳуқуқӣ, хайрхоҳӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба рушди шахсияти фаъолу созандаи омўзгор мусоидат менамояд. Дар баробари ин, омўзгор ҳамчун меросбар ва тарғибгари арзишҳои ахлоқию маърифатӣ бояд аз ихтилофоти беасос ва моҷароҷўёна худдорӣ намуда, ғаразу кинаҷўйии ҳамкасбонро бартараф созад ва ҳуқуқ надорад, ки дараҷаи тахассуси касбии дигар омўзгорро дар байни ҳакмкасбону атрофиён зери шубҳа қарор диҳад ё паст занад ва ё танқидро барои таҳқир ва тақлид истифода барад.

пешина
аз 344
навбатӣ