Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Илова ба ин, дар ин китобча намунаҳои беҳтарини иншоҳои талабагӣ ҷамъ оварда шудааст. Бартарии дигари дастури мазкур аз он иборат аст, ки чанд варианти як иншо пешниҳод гашта, онҳо бо ҳам муқоиса шудаанд. Баробари ин, хатоҳои услубии иншои қолабӣ нишон дода, шакли дурусти баёни фикр оварда шудааст. Дар дастур намунаи иншоҳо аз дафтари талабагӣ оварда шудаанд, аз ин рў, хоси фаҳмишу ҷаҳонбинии хонандагон мебошанд.
Мутаассифона, дар дастурҳои дигар талаботи мазкур риоя нашудааст. Дар сарсухани ин китобҳо оид ба аҳамияти иншо, қисматҳои он андешаҳои ҷолиб баён шудаанд. Вале норасоии асосӣ он аст, ки намунаҳои иншо маҳсули фикру андеша ва қалами талаба нестанд. Муаллифон иншоҳоро тибқи фаҳмишу ҷаҳонбинии хеш интихоб кардаанд.
Ба болои ин, олимон тамоми ҳунарашонро кор фармуда, аз вожаҳои илмӣ, китобӣ фаровон истифода кардаанд, ки на танҳо хонандаи мактаб, балки шахси калонсол низ баъзеи онҳоро намефаҳмад. Бовари кас намеояд, ки хонандаи мактаб чунин ҷумлаҳои печдарпеч, калимаҳои душворфаҳмро ба ёд овардаю навишта тавонад.
Чунончи, дар дастури «Иншо бинависем» (муаллиф Умар Сафар) навиштаҳое ҷой дода шудаанд, ки ба талаботи иншои хонанда на ҳамеша ҷавоб медиҳанд. Аз ҷумла, дар иншое дар мавзўи қасидаи «Шикоят аз пирӣ» - и Рўдакӣ калимаву ибораҳо аз қабили авомил, барандоз, сарсупурдагӣ, умқ, аъмол, ғариза, лаҳазот, тардид, мабзул, тааммул, тааммуқ, таҳаввул, мунъакис ва ғайра истифода шудаанд. Устодони азиз, лаҳзае худро дар ҷойи хатмкунандаи мактаб гузоред. Оё ў метавонад, дар як муддати маҳдуд чунин калимаҳоро ба ёд орад? Баъдан фаромўш набояд кард, ки адабгуфтории зиёд касро аз мақсад дур месозад. Яке аз ҳадафҳои иншо ба фикрронӣ ҷалб намудани хонанда, омўзонидани малакаи баён карда тавонистани фикр аст.

пешина
аз 344
навбатӣ