МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
На ёд додани адабгуфтории бемаъниву зиёдатӣ. Чунин усул як вақтҳо, хусусан дар асри 19 расм буд. Он услуб ҳамон вақт ва имрўз ҳам ягон ҷиҳати хуб ва манфиатбахш надошту надорад. Аз мутолиаи намунаи иншоҳои дар дастурҳо ҷой додашуда маълум мешавад, ки онҳоро талаба нанавиштааст. Олимони тоҷик чунон аз ҷаҳонбинии талаба дур шудаанд, ки дар иншое, ки мавзўаш достони Рустаму Сўҳроб аст, чунин ҷумла овардаанд:
«Амали нахустини ў (Рустам) дар ҳолати мастӣ бо Таҳмина издивоҷ намудани вай аст, ки оқибат ба фоҷеа анҷом ёфт» (аз дастури «Иншо бинависем»).
Нахуст, ин андеша баҳсталаб аст. Баъдан, барои олим ва эҷодкор ғайри ёфтани гуноҳҳои Рустаму кўрии Рўдакӣ дигар мавзўе нест магар?! Дар натиҷа онҳо на танҳо баъзе ақидаҳои нодурусту шахсии худро ба гардани хонанда бор мекунанд, балки онро ба китоби дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ворид сохта, аз забони мактаббачаи бегуноҳ гуфтанӣ мешаванд. Ҳамин тавр, дар баробари намунаҳои хуби корҳои эҷодӣ дастурҳои сохтаю бофта низ хеле зиёд шуданд.
Оё иншо зарур аст? Ин саволро баъзе мактаббачагон, ҳатто калонсолон низ медиҳанд. Ҷавоб медиҳем: Имтиҳони иншо барои он лозим аст, ки:
- Дараҷаи саводи муҳассилинро дақиқ аён месозад;
- То чӣ андоза мантиқан, мустақилона фикр кардани шахс маълум мешавад;
- Дониши аз худ намудаи хонандаро қавӣ месозад; Талаботи иншо кадомҳоянд?
- Мувофиқат ба мавзўъ;
- Мазмуннокии иншо;
- Исбот карда тавонистани фикри худ;
- Тибқи нақша, пайдарҳам омадани ҷумлаҳо;
- Мустақилият;
- Услуби хос;
- Ба матни асар мутобиқат кардани эпиграфу иқтибосҳо;
- Аниқии фактҳои адабӣ ва таърихӣ;
- Риояи қоидаи имло, меъёрҳои забони адабӣ ва саводи грамматикӣ – услубӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо