МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Пешнавис барои чист?
Вобаста ба нақша саволи дигар низ ба миён меояд: Оё шарт аст навиштани пешнавис (сиёҳнавис)? Шарт аст.
Пешнавис барои он лозим аст, ки иқтибосҳо аз ёд нараванд.
Албатта, пурра як бор пешнавис кардани иншо ва баъд покнавис (тозанавис) кардани он зарурият надорад. Зеро мумкин вақт камӣ кунад. Вале хуб аст, ки баъзе фикрҳои асосӣ дар пешнавис навишта шаванд.
Пешнавис фоидаи дигар ҳам дорад. Агар шумо дар покнавис ягон хатои грамматикӣ, ё синтаксисӣ карда бошеду дар сиёҳнавис он хато набошад, метавонед коратонро дуруст шуморед. Зеро одатан дар ин ҳолат хатои дар покнавис омада ба назар гирифта намешавад.
Дурустии эпиграф ва иқтибосҳо Эпиграф калиди маъноии асари бадеист. Агар он дуруст ёфта шавад, ба манфиати кор аст. Бо вуҷуди ин, эпиграф шарт нест. Чизи муҳим дар иншо дуруст ва аниқ овардани иқтибос аст.
Бисёр вақт хонандагон суол медиҳанд: иқтибос бояд чандто бошад, чӣ бояд кард, агар тамоми гуфторро дар ёд надошта бошӣ? Ҷавоб медиҳем. Дар иншо иқтибос аз 4 – 5 адад набояд кам бошад. Дар ин ҳолат шарт нест, ки тамоми як порчаи бутун ҳарф ба ҳарф оварда шавад. Басанда аст, ки мазмуни ҷумлаҳо нигошта шавад. Иқтибосҳо метавонанд дар дохили ҷумла оянд. Ҷумлаҳоро қориазёд кардан, ақидаи бегонаро чун ақидаи худ баён кардан дуруст нест.
Қоидаҳои иқтибос
- Иншоро аз иқтибос пур накунед;
- Иқтибос метавонад ба шакли сухани бевоситаи қаҳрамон бошад;
- Метавонед, дар ҳолати ба ёд оварда натавонистани калима ва ҷумлаю мисраъ ба ҷойи он сенуқта монда фикратонро идома диҳед, вале шарт он аст, ки маънии ҷумла ва ё фикри том вайрон нашавад;
- Агар ба аниқии калима ё маънӣ пурра бовар надошта бошед, метавонед ба ҷойи он калимаи ҳаммаъноро истифода баред.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо