Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Иқтибос зеби иншо аст, бо кумаки он маънию ғояи асари бадеӣ равшан инъикос меёбад.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки хатоҳои маъмулӣ дар иншо аз услубӣ, грамматикӣ, синтаксисӣ иборатанд. Дар бораи баъзеи онҳо истода мегузарем.
Чи тавре мегўянд, як сухан сесаду шасту шаш паҳлу дорад. Бинобар ин, иншонависро лозим аст, ки маъноҳои калима, истифодаи онро донад.
Кўшиш кунед, ки аз калимаҳои калкавӣ, забонзад, умумӣ, ба монанди «ба фикри ман», «ман фикр мекунам, ки», «масалан», «шояду бояд», «эҳтимол», «дар ҳақиқат», «шоири бузург», «шоири ширинсухан», «намояндаи бузурги» ва ғайраҳо дурӣ ҷўед. Аз такрор ва умимибаёнӣ, носаҳеҳ суханчинӣ, истифодаи калимаҳои арабӣ, ҷамъбандиҳои арабӣ, калимаҳое, ки хоси забони тоҷикӣ нестанд, ҳазар намоед. Ҳоло расм шудааст, аксарият кўшиш мекунанд, ки барои ифодаи фикр калимаи зебо ёбанд.
Меёбанд, вале он як калима иншоро зеб намебахшад, зеро дар ҷояш наомадааст.
Хато дар далелҳо ҳамон вақт пайдо шуданаш мумкин аст, ки агар хонанда бо асар, эҷодиёти нависанда, давраи зиндагии вай дуруст шинос набошад.
Чунончи, дар иншо чунин ҷумла омаданаш мумкин аст:
«Гогол муқобили коммунистон буд», «Рўдакӣ «Шоҳнома»-ро азёд медонист»...
Ё метавонад, рақамҳо хато бошанд: «Дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1942 – 1945 Шолохов иштирок кард», «Воқеаҳои дар асари Аҳмади Дониш тасвирёфта дар асри 18 рўй дода буданд»...

пешина
аз 344
навбатӣ