Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ному насаби нависандагон, қаҳрамонон низ хато шуданаш мумкин аст.
Баъзан сухани як қаҳрамон ба қаҳрамони дигар нисбат дода мешавад. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки хонанда бо асар ба хубӣ шинос нест.
Дар иншо хатоҳои имлоӣ аз ҳама зиёд ба чашм мерасанд.
Чӣ тавр онро кам кардан мумкин? Ҳар як иншонавис бояд қоидаи зерро фаромўш накунад: Ба дурустии калима бовар надорӣ, истифода набар.
Тарзи навишти калимаҳои серистифодаро бояд беҳтараш азёд донист. Хуб мешуд, ин калимаҳоро ҳар як хонанда барои худ навишта гирад. Аз зиёд навиштани калима шакли он дар ёд мемонад. Бисёр вақт хатоҳои грамматикӣ аз як дафтари талабагӣ ба дафтари дигар мегузаранд. Бинобар ин, ҳар як талаба бояд кўшиш кунад, ки шакли дурусти калимаҳои серистеъмолро ба дафтараш рўйбардор намояд.
Намудҳои иншо
Ин тақсимот то андозае нисбӣ аст. Дар як иншо метавонад хусусияти гуногун ба чашм расад. Чанд намуди иншоро мавриди назар қарор медиҳем.

  1. Иншо аз рўи тасвир.
  2. Иншо аз рўи нақл.
  3. Иншо дар мавзўи озод.
  4. Эссе (иншои кўтоҳ).

Тасвир қисмати алоҳидаи ҳар як асари бадеӣ буда, дар дохили андеша метавонад истифода шавад ва номбар кардани сифати асосии предмет (ашё, одам, ҳайвонот, ҳодиса... ) мебошад.
Дар бораи иншо аз рўи нақл дар мактаб хонандагон баъди хондани ҳикоя тасаввурот пайдо мекунад. Вале иншо ба тарзи ҳикоя дар имтиҳонҳои дохилшавӣ кам ба назар мерасад.

пешина
аз 344
навбатӣ