МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар эҷоди корҳои хаттӣ ва малакаҳои навишт хонандагону толибилмон бояд пуртоқату таҳамулпазириро пеша намуда, ҳамеша парвози андеша ва шуури хаёлангезро устувор созанд.
БОБИ 13
МЕЪЁРИ БАҲОДИҲӢ БА ДОНИШ, МАЛАКА ВА
МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОН АЗ АДАБИЁТИ ТОҶИК
Нақли хаттӣ ва иншо воситаи муҳим ва арзишманди саводомўзӣ, такмили истеъдод, балоғати калом, тақвияти андеша ва ҳофиза, муназзамии лафзу маънӣ, равонии нутқ ва умуман инкишофи малакату маҳорати толибилмон маҳсуб меёбанд.
Дар барномаи таълимии забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик омўзиш ва фаҳмиши асолати забон ва балоғати калом бо дақиқ азхудкунии асосҳои илми забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ, махсусан, қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат, риояи меъёрҳои забон ва каломи бадеӣ, қисматҳои таркибии фонетика, калимасозӣ, услуб, тарзи баён, истифодаи дурусти санъатҳои бадеӣ ва монанди инҳо муайян шудааст. Дар барномаи ҳар як синф дар баробари дарсҳои ҷудогона ба иҷрои корҳои хаттӣ дар бобҳои алоҳида, ҳамзамон ҷиҳати мустаҳкамкунии дониши хонандагон корҳои хаттии санҷишӣ (мустақилона ва нақшавӣ) муҳлат пешбинӣ шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо