Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин радиф танҳо омўзгорон бо баҳисобгирии самараноки раванди тадрис миқдори соатҳои фаслу бобҳоро каму зиёд карда метавонанд.
Дар ҷаҳони муосири таҳсилот дар назар бояд дошт, ки таъмини иттилооту ахбори фаврӣ тавассути воситаҳои техникӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин малакаву маҳорат, инкишофи тафаккур ва саводомўзии хонандагон дар дарсҳои забон ва адабиёт ҳамаҷониба танҳо тавассути фаъолияти омўзгору хонанда, такмилу таҳрир, худомўзӣ, такрор, риояи меъёрҳои талаффуз, имло, калима, ибораю ҷумласозӣ, шакл, таносуб, муносибати лафзу маънӣ, санъати нигориш, муназзамӣ, оҳангнокӣ, ва монанди онҳо сурат мегирад. Ин ҳама амалҳо навъҳои меъёрҳои муайянкунандаи дониш, истеъдод, маҳорат ва малакаи хонандагон маҳсуб меёбанд.
Нақли хаттӣ ва ҳунари иншонависӣ ба мақсади инкишоф ва риояи талаботи меъёрҳои имло, баён, фасоҳату балоғати суханварӣ ва вусъати назари толибилмон анҷом дода мешавад.
Матнҳо дар асоси риояи талаботи замони муосир, асосҳои педагогию психологии зинаҳои таҳсил, синну сол ва дараҷаи фаҳмиши хонандагон, супоришҳои грамматикӣ, намунаи калима, ибора ва таъбирҳо интихоб мегарданд.
Ташкили корҳои хаттӣ, навъҳо, марҳилаҳо ва тартиби гузаронидан, тарзи талаффуз, баёни мантиқӣ, шарҳи калимаҳои душворфаҳм, супоришҳо, санҷиш ва риояи талаботи баҳодиҳӣ аз ҷониби омўзгор сурат гирифта, ба қобилият ва соҳибҳунарии ў вобастагӣ дорад.
Муайян намудани меъёри баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон яке аз шаклҳои асосии баланд бардоштани сифати таълими фанҳои адабиёти тоҷик дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба ҳисоб меравад.
Санҷиши шифоҳӣ баҳисобгирии дониши хонандагонро аз рўйи фанни таълимӣ муайян менамояд ва бояд омўзгор ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон мутобиқи барномаи таълими, дар асоси талаботи ягона баҳогузорӣ намояд.

пешина
аз 344
навбатӣ