Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мундариҷаи нақл ва талаботи он мувофиқи тақозои мавзўъҳои барномаи таълим ва синну соли хонанда таври зайл мешавад:
1.Хонандагон мувофиқи мазмуни матн ё ҳикояте, ки дар синф хонда мешавад, нақшаи онро тартиб медиҳанд.
2.Дар нақли хаттӣ фикри хонандагон равшану фаҳмо ва мураттабу асоснок баён мешавад.
3.Хонандагон мувофиқи талаби муаллим нақлро аз рўйи нақша мухтасар ва фаҳмо менависанд.
4.Дар кор воқеа, тасвири макону замон, мундариҷаи муколамаҳо, феълу атвори персонажҳо, мураттабии баён риоя карда мешавад.
5.Ҳангоми истифодаи калимаю ибора ва ҷумлаҳо муаллим ба дуруст гузоштани аломатҳои китобатӣ эътибор медиҳад.
6.Бояд нақл хусусияти эҷодӣ дошта бошад.
7.Матни нақли хаттӣ мувофиқи вазифаҳои таълимӣ тарбиявӣ буда, аз ҷиҳати забон ва мазмун бояд ба хонандагон шинос бошад.
8.Матни нақл вобаста ба мавзўъҳои барномаи таълим ва берун аз он интихоб карда мешавад.
Барои нақл машқҳо истифода шуда, дар синфҳои 5-9 миқдори калима ба тарзи зайл муайян карда мешавад:

№ Синфҳо Миқдори калима
1 Синфи 5 100-150 калима
2 Синфи 6 150-200 калима
3 Синфи 7 200-250 калима
4 Синфи 8 250-300 калима
5 Синфи 9 350-450 калима

Муаллим, пеш аз он ки ба нақли хаттии хонандагон баҳо гузорад, масъалаҳои зеринро бояд ба назар гирад:

пешина
аз 344
навбатӣ