МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
– моҳияти масъаларо кушода натавонад;
– тарзи баёнаш нобоварона бошаду ба мазмуни фикри гуфташуда сарфаҳм наравад.
Баҳои «1» он гоҳ гузошта мешавад, ки агар хонанда мавзўъро тамоман азхуд накарда башад.
Намунаи тақриз ба баҳои мусбат Хонанда мавзўъро ба нақшаи тартибдодашуда мувофиқ кунонида, ба ҳодисаҳо холисона баҳо дода тавонистааст, фикрашро озодона баён намудааст. Кор бо забони фаҳмо ва равшан навишта шуда, ҳусни хат, ҳошиягузорӣ, мураттабии ифодаи фикр мувофиқи мақсад бошад. Кори хананда дар интихоби калимаю ибора ва ҷумласозӣ нуқсон надошта, калима ва ибораҳо аз рўйи мавқеи истифадабариашон гузошта шуда, мақсади хонанда ба далелҳо исбот гардидааст. Дар кори хаттӣ ғалатҳои грамматикӣ мушоҳида нашуда, ҳаҷми кор ба меъёрҳои муайяншуда мувофиқ аст. Ислоҳ ва хатзанӣ,м навишти дуқалама мушоҳида нашавад. Хонанда дар навиштани кори хаттӣ имлои забони тоҷикиро риоя намудааст.
Намунаи тақриз ба баҳои манфӣ Хонанда мавзўъро нафаҳмида, дар доираи маводи адабӣ корашро ба анҷом нарасонидааст. Мавзўъ мувофиқи талаб баён нашуда, дар кори хаттӣ ба рўйбардории китоби дарсӣ роҳ додааст.
Мазмун ба нақшаи кор мувофиқат накарда, хонанда бе алоқамандию пайдарҳамӣ фикрашро ифода кардааст.
Дар кори хаттӣ ғалатҳои грамматикӣ ва услубии зиёд содир шудаанд.
Ҳаҷм ва мураттабии баён дар кор мувофиқи талаб нест.
Ба гузоштани аломатҳои китобатӣ риоя накардааст.
Баҳо ба нақли хаттӣ
Нақли хаттӣ яке аз воситаҳои муҳими омўзиши нутқи
адабии хонанда ба шумор рафта, бо туфайли он хонандагон доир ба услуб, малака ва маҳорат ҳосил карда, ба меҳнати мустақилона ва эҷодӣ омода мегарданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо