МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- тарбияи асосҳои маданияти суханварӣ, таҳаммулпазирӣ, рафтору гуфтор ва пиндори нек, одоби муошират, риояи ҳусни калом ва фасоҳати баён;
- азхудкунӣ ва фаҳмиши асосҳои дониш, салоҳият ва инкишофи малакаҳои маданият ва маърифатнокии ҷомеа;
- ташаккул ва рушди сифатҳои равоншиносӣ ва ботинии наврасону ҷавонон, шахсият ва нерумандии он;
- бунёд ва устуворсозии фаъолияти илмӣ ва амалии хонандагон, мутобиқсозии он ба навгониҳои илму технологияи муосир ва раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо;
- парвариши муносибатҳои шоиста ва ибратомўзи ҷомеадорӣ, ҷаҳоншиносӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ташаббускориву масъулиятшиносӣ.
Тавассути корҳои берун аз синф амиқ ва васеъ намудани дониш ва малакаҳои адабӣ ва сухангустарӣ имконпазир мегардад ва ин дар бунёд ва рушди шахсияти инсон ва камолоти он нақши сазовор дорад. Намуд ва вазифаҳои корҳои беруназсинфӣ мавод ва озуқаи созмондиҳии фаъолияти эҷодкорӣ ( ташкили намоишнома, викторина, таҳияи албому мусаввараҳо, ташкили маҳфил, машварату конфренсия ва ғайраҳо) мебошад.
Дар баробари ин, омўзгори эҷодкор дар ташкили корҳои фориғ аз таҳсил раҳнамои хонандаи боистеъдод буда, на танҳо ба омўзиши асосҳои назарӣ ва илмии адабиёт, балки ба устуворсозии маҳорат ва малакаҳои фардии хонанда ва камолоти шахсияти вай тавассути ба роҳ мондани корҳои берун аз синф муваффақ мегардад.
Корҳои берун аз синф ва фориғ аз мактаб аз фанни адабиёт шакл ва намудҳои ҷудогона дорад, ки ба тариқи зайл аст:
- Хониши мустақилонаи беруназсинфӣ ва хониши озод.
- Ташкили суҳбат, бозиҳои адабӣ, мусобиқаҳои ҳунарӣ, викторинаҳо, шабнишиниҳо, вохўрӣ бо адибон, семинару конфронс ва ҷамъомадҳои адабӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор