МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- Таҳлили асарҳои ҷудогона бо иштироки омўзгорон ва адибон ва арзёбии онҳо 4. Таҳлил ва тақризонидани корҳои хаттии хонандагон (нақли хаттӣ, иншо, реферат, тақриз, кори курсӣ, рисолаи хатм ва дипломӣ) 5. Ташкили озмун (олимпиада)-и фаннии хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва ҳаракати мунтазами намудҳои гуногуни олимпиада ва натиҷагирӣ ва ҳавасмандгардонии омўзгорону хонандагони фаъол.
- Ташкили ҳафтаи фании адабиёт, маҳфилҳои доимоамалкунандаи адабӣ, аз қабили «Анвори дониш», «Истеъдодҳои ҷавон», «Фурўғи дониш», «Сабақи ҳунар», «Сеҳри қалам» ва ғайраҳо.
- Иштирок дар ҷашнҳо ва чорабиниҳои таърихиву адабӣ, идҳо ва рўзҳои фарҳангӣ.
- Саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ, музей ва осрхонаҳои адибон, китобхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои эҷодиву ҳунарӣ.
Дар ин радиф, махсусан, ташкили хониши мустақилонаи осори адабӣ асоси корҳои беруназсинфии хонандагон ва ташкили самарабахши он аз самтҳои муҳими фаъолияти омўзгори адабиёт маҳсуб меёбад. Дар методикаи таълими адабиёт дақиқ муайн гардидааст, ки тадриси адабиёт дар алоқамандӣ ба хониши мустақилонаи фориғ аз таҳсил ба хонанда шавқу рағбати мутолиаи адабиёт, мушоҳидакорӣ ва андешапарвариро тақвият дода, хониши асари бадеиро муназам ва ҷаҳони маънавии ўро бой мегардонад.
Дар шинохт ва ташвиқу тарғиби мероси адабӣ мутолиаи осори адибон ва раҳнамоии омўзгор мавқеи созанда дорад.
Дар раванди хониши асари бадеӣ симои адиб ва шахсияти омўзгор маҳаки асосии худогоҳии хонанда қарор мегирад.
Бинобар ин, муносибати дақиқназарона ва таҳаммулгароёнаи омўзгор, ки баёнгари шахсияти ўст, ҳамеша роҳбалади воқеии хонанда дар фаъолияти беруназмактабӣ қарор мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор