МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар радифи фазилатҳое, ки аз шахсияти омўзгори забон ва адабиёт талаб карда мешавад, нутқи муассир, пурэҳсос ва самимӣ ҷузъи муҳим аст. Агар устод нутқи оташин дошта бошад, дар назди хонандагон ҳадафи ҷолиб гузошта тавонад, оташи шавқи онҳоро барафрўзад, ин, бешак, калиди комёбиҳо хоҳад буд. Набояд фаромўш кард, ки сухан ҷон дорад ва гоҳо дили хонандагонро сард мекунад ва эътимоди онҳоро нисбат ба устод аз байн мебарад. Аз ҳама муҳим устод бояд намуна бошад, суханашро ба замин нагузорад, ба ваъдааш вафо кунад, агар дар ин замина ў собиқадор набошад, ба фаъолияти шогирдонаш таъсири манфӣ мерасонад ва эътибори устодиаш низ аз байн меравад.
Фаъолият ва амалу кирдори чунин омўзгор дар шаклгирии шахсияти шогирдон низ бе таъсир намемонад. Омўзгор бояд донад, ки кори таълиму тарбия саҳл набуда, омўзгорӣ пешаи муқаддас аст. Дар радифи омилҳои зиёд рафтори фардии омўзгор низ арзиши калидӣ дорад, зеро ў фақат бо сухан ва панд шогирдро тарбия намекунад, балки ҳастии маънавии ў низ намоди тарбия хоҳад буд.
Муаллими забон ва адабиёт бояд инсони фозил ва кордон (ба ин фазилати устод шогирдон ҳама вақт арҷ мегузоранд), мутахассиси хуби дар касби худ доно бошад, аз соҳаҳои дигар, аз ҷумла забоншиносӣ, назарияи адабиёт, адабиётшиносӣ, зебоишиносӣ, санъатшиносӣ ва ғайра низ бохабар бошад.
Бояд таъкид кард, ки омўзгори асил илова ба дониши амиқ бояд таҷриба ва малакаи кофии корсоз дошта бошад, ки бе ин дар фаъолияташ ба натиҷаи мусбат комёб шудан ниҳоят душвор, ҳатто, гоҳо имконнопазир аст. Вай бояд:
• усули таҳлили адабиётшиносиро донад, мустақилона осори бадеиро арзёбӣ карда тавонад;
• махсусияти таҳлилу тафсири адабиёти гузашта ва муосири тоҷик, ҷинсу намудҳои он, аз ҷумла, анвои ҳамосӣ, ғиноӣ ва драмаро донад;
• дар фаъолияти амалиаш равишҳо ва усулҳои таҳлили адабиётшиносӣ ва забоншиносиро бо дарназардошти махсусиятҳои ҷинс ва жанри асари мавриди омўзиш истифода барад;
• усулҳои гуногуни таълими адабиётро бо назардошти хусусияти миллӣ корбаст намояд;
• равиши хониши муосирро бо дарназардошти хусусиятҳои хоси забони модарӣ истифода кунад;
• намудҳои гуногуни тафсири матни бадеиро донад, маънии таҳтонӣ ва рамзии суханони тасвирии нависанда ё шоирро кушояд;
• луғатҳои тафсириро истифода карда тавонад;
• матнҳои дарсӣ ва илмии санҷиширо навишта, ба корҳои хаттии хонандагон тақриз нависад;
• барои нисбатан амиқ донистани забон ва ҷузъиёти ҷудогонаи асари бадеӣ осори дигари ҳунариро қиёсан истифода карда тавонад;
• мафҳумҳои асосии назарию адабиро тавзеҳ диҳад;
• ба воситаи осори бадеӣ нутқи хонандагонро ташаккул дода тавонад.
Муҳаббати омўзгор ба ихтисосаш, ба хонандагон, дарки эҳтиёҷоти онон, хусусиятҳои синнусолӣ, ҳамчунин, ҷидду ҷаҳди такмили маҳорат ва дониш, ҷустуҷўи доимии эҷодӣ, малака ва хоҳиши гузаронидани тадқиқоти таҷрибавӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро дар кори омўзиш истифода кардан ба ҷараёни таълиму тарбия таъсири муфид мерасонад.
Дар маҷмўъ, барои омўзгори забон ва адабиёти тоҷик чунин фазилатҳои касбӣ: нутқи муассир, пурэҳтирос, маҳорати сухангуӣ ва ровигӣ, шавқангезии суҳбат, истеъдоди ба гуфтўгў моил кардан ниҳоят муҳиманд.
Маҳорати ҳунарӣ, ошноӣ бо аносири муҳими маҳорати актёрӣ метавонад ба ҷалб ва ошноии хонандагон ба ҷаҳони бадеии адибони гузаштаву муосир мусоидат кунад.
Фазилатҳои зикршуда, донишҳо ва малакаи кордонӣ бояд дар шахсияти омўзгор, меҳнати ифтихормандонаи он ба таври мутаносиб таҷассум ёбанд.
Саволҳо ва супориш 1. Шахсияти омўзгори адабиёт чӣ сифатҳоро доро мебошад?
2. Омўзгор кист? Дар ҷомеа чӣ мақом дорад?
3. Ҳунари суханварӣ дар таълими адабиёт чӣ аҳамият дорад?
4. Салоҳияти касбӣ ва вазифаҳои омўзгори забон ва адабиёт аз чӣ иборат аст?
5. Дар мавзўи «Омўзгорӣ касби муқаддас аст» иншои хонагӣ нависед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё