МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
БОБИ 4
ДАРСИ МУОСИРИ АДАБИЁТ, НАМУД ВА
ХУСУСИЯТҲОИ ОН
Дар раванди ягонаи ҷаҳонии таҳсилот вобаста ба рушди босуръати технологияи иттилоотӣ, инноватсия ва илму фановарӣ аҳамияти донишҳои назариявӣ ва сарчашмаҳои донишандўзӣ афзун мегардад. Татбиқи падидаҳои тоза ва навгонии таҳсилот тадриҷан дигар шуда, шаклан тағйир меёбад. Дар раванди ислоҳоти муосири таҳсилот ташкили ҷараёни тадрис ҳамчун омили созанда ва бунёдкор ҷиҳати беҳтар гардонидани сифат ва мазмуни таҳсилот нақши муҳим, созанда ва масъулиятнокро ба уҳда дорад.
Адабиёт барои мактаби миллии мо фақат фанни таълимӣ набуда, вай василаи камолоти маънавӣ, ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият низ мебошад ва барои омўхтани илмҳои дигар заминагузор аст. Мақом ва ҷойгоҳи адабиёт ва дигар илмҳои инсонӣ, аз ҷумла, санъат, таърих, фалсафа ва ғайраро дар тарбияи инсон таъйид карда, академик М. Шакурӣ навишта буд:
«Агар эътибори инсонро дар ҷомеа баланд кардан хоҳем, дар омўзиш ба роҳи инсонгароӣ даромадан лозим меояд.
Муваффақият дар амалӣ кардани барномаи гуманитарӣ он гоҳ муяссар хоҳад шуд, ки аз маълумоти одӣ ва шарҳу эзоҳи маҳз, аз фаҳмиши сотсиологии вулгарии адабиёту санъат, аз қориёна ёд кардани қоидаҳои грамматикаву имло қатъиян даст кашем. Ин барнома вазифаеро ба уҳда мегирад, ки фаҳми санъат ва ҳама ҳусну наҷобати онро ёд диҳад, маданияти тафаккуру тахайюл ва мабдаи эҷодиро тараққӣ кунонад, барои аз худ кардани системаи забони модарӣ ва маданияти сухан заминаҳо фароҳам оварад, ба сўи арзишҳои ҷовиди умумибашарии маънавию ахлоқӣ роҳ кушояд.
Бидуни онҳо соҳибмаълумотӣ ва фаъолияти амалии пурсамари инсонро ба тасаввур овардан мумкин нест».
Дар мактабҳои миллии мо донишҳои адабии хонандагон дар заминаи таълими адабиёти тоҷик ва хориҷӣ шакл мегиранд. Ба назари мо, дар як вақт омўхтани ду адабиёт на фақат донишҳои адабии хонандагонро тақвият мебахшад, балки барои ҳалли амиқи як силсила вазоифи равоншиносӣ мусоидат мекунад. Аз ҷумла, муаллими донишманд метавонад аз ин дарсҳо барои таҳлили қиёсӣ ва омўзиши матнҳои бадеӣ истифода кунад. Дар заминаи маводи адабиёти тоҷик ва хориҷӣ мафҳумҳои назарии адабӣ шакл мегиранд. Ҷараёни омўзиши ду адабиёт ба ҳулқу атвори толибилмон низ бетаъсир нахоҳад буд. Алоқаҳои фаннӣ ҳангоми омўзиши адабиёти тоҷик ва хориҷӣ ба рўҳия ва малакаи хонандагон низ таъсири муфид хоҳад гузошт.
Адабиёти тоҷик дар мактаб, пеш аз ҳама, фанни таълимӣ буда, вазифаи хоси тарбиявӣ ва таълимии худро дорад.
Мақоми ин фан, ба хусус, дар даврони ҷаҳонишавӣ меафзояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё