Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бояд ба эътибор гирифт, ки ҳеҷ як ҳунарҳои инсонӣ, аз ҷумла, адабиёт агар фақат василае барои ҳадафҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ бошад, наметавонад дар айни ҳол ҷанбаи зебоӣ ва ҷозибаи дилрабоӣ ҳам дошта бошад. Дарвоқеъ, ҳунари адабӣ (адабиёт) ҳам мисли дин, ахлоқ, хонавода ва мисли ватан як бунёди иҷтимоӣ дорад. Ҳарчанд ба сабаби чандзарфиятӣ буданаш ғолибан аз замони пайдоиши худ тавонистааст дар нақл ва интиқоли дастовардҳои марбут ба бунёдҳои дигар кумак намояд. Агар онро фақат ҳамчун афзоре барои дин ва ахлоқ талаққӣ кунанд, асолати худи онро надида мегиранд.
Вале адабиёт дар ҷомеаи мо, ба хусус, мактаб ба сифати бунёди мустақили инсонӣ бояд арҷ ва арзишу мақоме дошта бошад. Ҳамин вижагии адабиёт аст, ки агар мо ба маънӣ ва мақоми он эътибор диҳем, намегузорад инсон ғарқи хоҳишу хостаҳои беманфиати худ шавад. Баръакс маҳз адабиёт ба инсон кўмак мекунад, то ки гаҳ-гоҳ ба олами ботинӣ, як дунёи беҳтаре, ки офаридаи таҳайюли ҳунарманд аст, паноҳ ҷўяд ва аз шарру шўри олами ҳастӣ як лаҳза биосояд.
Адабиёти гузашта ва имрўзаи тоҷик на фақат ганҷинаи ҳикмат аст, балки дар ҷараёни ташаккули маърифати инсон, раванди суханофаринӣ ва забондонии ў ёрии бевосита мерасонад. Омўзиши адабиёт ҳамчун яке аз омилҳои муассири ёдгории забони тоҷикӣ эътироф шуда, ба махсусияти сохтории табиати он такя дорад. Ба хусус, таълим ва тадриси ҳадафманди адабиёти классикии мо барои ташаккули маҳорати забондонии хонандагон ганҷинаи бебаҳост. Маҳз дар осори адабии гузаштагон, ҳам назму ҳам наср, неруи зебошинохтӣ ва ҳиссии забон амиқ ва пуртаъсир ифода шудааст. Ин фазилати адабиёти мо имкон медиҳад, ки хонандагони мактаб забондону сухангў ба воя расанд.
Дар шинохти адабиёт забон таҳдобест, ки болои он бинои асари бадеӣ гузошта мешавад. Ба ифодаи дигар, забон «аввалунсури адабиёт» буда, умқи маънӣ ва ҳунари нависандаро аз бисёр ҷиҳат забони асар ифода мекунад.
Зиёда аз ин нависандагону шоирони бузург забонро ташаккул дода, бар ғанои он меафзоянд.

пешина
аз 344
навбатӣ