МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Забон яке аз омилҳои шаклгирии дунёи ақлонӣ ва маънавии инсон аст.
Вай нафақат воситаи робита аст, балки дунёи маънавӣ ва фардии инсонро ғанӣ ва пурғунҷоиш месозад. Дар ҳақиқат, лафзу маъниро аз ҳамдигар натавон ҷудо сохт, чунки ба қавли Аҳмади Дониш «алфоз қолаби маъност, то лафз зебо набошад, аз он маънии баланд барнамеояд».
Ҷараёни таълими адабиёт паҳлўҳои гуногун дошта, тарбияи миллию ватандўстӣ, ахлоқӣ, муҳаббат ва меҳнати созанда ва ниҳоят, тарбияи зебошинохтиро дар бар мегирад.
Муҳимтарин масъалаҳои ахлоқӣ дар осори адибони гузашта ва имрўз инъикос шудаанд, ки омўзиши онҳо хонандагонро дар рўҳияи одамият тарбия намуда, ҳисси одамиятро бедор карда, хонандаро ба роҳи дурусти зист ҳидоят менамояд. Аз ҷумла, мо метавонем дар мисоли образҳои адабиёти бадеӣ хонандагонро дар рўҳияи меҳнатдўстию фидокорӣ тарбия намоем, ки таъсири ин шояд аз таҷрибаи меҳнатӣ кам набошад.
Нақши дарси адабиёт дар тарбияи маънавии хонандагон, ташаккули ормони зебоишинохтии онҳо хеле бузург аст.
Имконияти бузурги адабиёти бадеӣ барои тарбияи зебошинохтии хонандагон дар бунёди адабиёт, ки чун навъи ҳунар василаи хоси дарки воқеият мебошад, нуҳуфта аст.
Таълими адабиёти тоҷик дар мактаб ҳадафҳои хос дошта, хонандагонро бо ғановати маънавӣ ва зебошинохтии мероси адабии ҳозорсолаамон ошно сохта, ба ин васила онҳоро бо таърих, фарҳанг ва ғановати маънавии халқ шинос менамояд.
Омўзиши адабиёт таҷрибаи маънавӣ, ахлоқӣ ва зебоишинохтии хонандагонро тавсиа бахшида, тасаввуроти ғоявию ахлоқии онҳоро амиқ месозад. Тафаккури онҳоро образнок ва забонашонро рангин месозад.
Осори бадеӣ ҳамнафаси зиндагӣ, оинаи ҳаёт ва муборизаи мардум дар ҳама давру замон буда, беҳтарин орзуву ормонҳои халқро дар симоҳои бадеӣ парварида, аз имтиҳони замону зиндагӣ гузашта, то имрўз ҳамеша ибратомўз аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё