Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хатар ин ҷост, ки ҷарроҳи ноқисақл бихоҳад нороҳатии як андоми камфоидаро ба зиёни як андоми муҳим ва ҳаётӣ рафъ кунад… Бидуни шак, наметавон таъсиреро, ки қисса ва шеър (умуман, осори бадеӣ – А.М.) дар тавсиаи соири бунёдҳо доранд, нодида гирифт ва ҳатто, шояд вазифаеро, ки шеър ва қисса аҳёнан ва дар мавқеи хос дар тавсиаи он бунёдҳо доранд, бояд тасдиқ кард, аммо ин вижагии шеър ва қиссаро ҳаргиз набояд дастовез кард. Барои он ки ин ҳунарҳо ҳар вақт ҳам бихоҳанд фақат ба унвони як омили мустақил ба кор гирифта шаванд, беарҷ шумарда оянда ва мавриди таҳқир гарданд.
Вақте ки таълими адабиёт дар мактаб бар зарар ва нобудии меъёрҳои ҳунарии ин фан сурат намегирад, он вақт маводи асили адабиёт-осори бадеӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор мегирад. Омўзиш ва таҳлили осори бадеӣ дар ҷараёни таълим дар ду равиш, яъне адабиёт чун сухани бадеӣ ва илм дар бораи адабиёт сурат мегирад.
Хониш ва дарки матни бадеӣ аз рўи қоидаҳое амалӣ карда мешавад, ки ҳар навъи ҳунар тақозо мекунад. Вай, пеш аз ҳама, ангезаи ҳиссӣ дорад. Имконияти асосии адабиёт чун як намуди ҳунар асосан дар ҷараёни хониши аввалин ва дарки матни бадеӣ воқеъ мешавад. Вале хониши бадеӣ таҳлили асари бадеиро ҳеҷ гоҳ истисно намекунад. Дар ин зина илова ба амиқбурди фаҳмишҳои нахустин дигар қонуниятҳо-қонуни дарки илмӣ низ ҳукми қонунӣ пайдо мекунад. Дар ин давра донишҳо доир ба таърих ва назарияи адабиёт дар синфҳои 11 асосан ба таҷрибаи мактаби русӣ такя мекунад. Интихоби пораҳои нокомили осори адабӣ ҳам аз адабиёти классикӣ ва ҳам аз адабиёти муосир меъёр шудааст.
Омўзиши адабиёт дар муассисаҳои таълимӣ танҳо дар доираи порчаҳои ҷудогонаи асари адабӣ сурат мегирад.

пешина
аз 344
навбатӣ