МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт на фақат манбаи омўзиш аст, балки василаи муҳими забономўзӣ ва босаводист. Бинобар ин, таълими адабиёти тоҷикро тавре бояд ба роҳ монд, ки вай ба ҷараёни забономўзии хонандагон ёрӣ расонад. Ин кор ба ҳеҷ ваҷҳ диққати хонандагонро аз адабиёт ва масоили асосии он дур намебарад. Баръакс, маҳорати сухангўӣ, тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишинохтии ўро равнақ мебахшад.
Адабиёт бояд на фақат ҳадафи тарбиявӣ дошта бошад, балки бевосита сарчашма ва василаи забономўзӣ низ бошад.
Барои омўзиши забони равону фасеҳ дар таълим бештар ба матнҳои классикӣ бояд такя кард.
Таълими адабиёти тоҷик ҳамчун фанни мустақил аз синфи оғоз мешавад ва ба ду давраи омўзиш ҷудо карда мешавад. Дар давраи аввал (синфҳои 11) асосан ба хониши бадеӣ афзалият дода шудааст. Даври дуюм омўзиши таърихи адабиётро фаро мегирад.
Ин давраҳои таълими адабиёт хусусиятҳои хоси омўзишии худро дорад. Вале он чи ки барои ҳар ду давра муҳим аст, интихоби маводи бадеист. Интихоби матн ба тақозои барномаҳои таълимӣ асосан ба усулҳои ахлоқию омўзишӣ такя доранд, ки дар замони имрўза чандон писандида нест. Дар бисёр мавридҳо вазифаи таҳзибии адабиёт аз назар дур мемонад. Адабиёт василае қарор мегирад барои ба ҳадафҳои дигар расидан. Ҳол он ки ҳунар (осори бадеӣ) агар ҳатто ба унвони восилае ҷиҳати тавсиаи соири бунёдҳо, махсусан, дар мавриде, ки ба назар меояд ин соири бунёдҳо аҳамияти ҳаётии бештаре барои инсон доранд, ба кор равад, ба он бунёдҳо ҳаёт ва давоми бештаре мебахшад, аммо дар ин сурат худаш бидуни он ки асолат ва озодияш муҳтарам бимонад, мавҷудияти худро ҳам аз даст медиҳад ва тадриҷан ба куллӣ мемирад. Ба ин тартиб касоне, ки ҳаққи ҳанарро ба унвони як бунёди мустақили инсонӣ ба ҷо намеоваранд ва мепиндоранд, дар ҳамон зимн кумак ба тавсиаи соири бунёдҳо ҳунар худаш тавсиаи кофӣ меёбад, ҳолашон шабеҳи ҳоли он ҷарроҳ аст, ки бихоҳад як пора аз бадани бемореро қатъ кунад, то пораи дигарашро тармим намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё