Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар интихоби матн бояд синну соли хонандагонро низ ба эътибор гирифт. Тадриҷан захираи луғавии матнҳои интихобшуда бояд афзоиш ёбад, аз сода ба мураккаб гароиш пайдо кунад. Матнҳо бояд фарогири луғатҳои нав, таъбироти тоза ва зарбулмасалу мақол бошанд. Ин ҳама ба шаклгирии завқи адабӣ, забондонӣ ва зебоишинохтии хонандагон мусоидат карда, малакаи таҳлили асари бадеӣ ва хониши муассирро дар онҳо афзоиш медиҳад. Дар ин зина хонандагон оид ба асари бадеӣ чун ҳодисаи ҳунарӣ тасаввурот пайдо мекунанд.
Дар синфи 11 хонандагон бо осори бадеӣ нисбатан амиқтар ошно шуда, омўзиши онҳо дар синфҳои баъдӣ хусусияти муъҷази таҳқиқӣ мегирад. Таълими адабиёт дар синфи 11 хонандагонро ба омўзиши таърихи адабиёт омода мекунад. Ба ин бояд тартиби таърихии интихоб ва ҷойгиркунии мавод мусоидат намояд. Дарк ва тафсири таркибҳои забонӣ, таҳлили осори бадеии жанрҳои гуногун аз ҳамин давра оғоз шуда, тадриҷан амиқ мешавад ва хонандагонро ба таҳлили мустақилона ва арзёбии пораҳои ҷудогонаи осори бадеӣ омода мекунад. Барои дарки ҳаматарафаи осори бадеӣ маълумоти муфассал дар бораи адиб, ҳадафҳои эҷодиёти ў, замони зиндагии вай ва замони таърихие, ки дар он зистааст, ёрии бевосита мерасонад.
Махсусияти замони таълифи асар низ бояд ҳаматарафа тафсир шавад.
Савияи дарси адабиёт ва маънавиёти хонандагон минбаъд ба он вобаста мешавад, ки мо чӣ гуна осори бадеиро интихоб мекунем ва дар барномаву китоби дарсӣ ҷойгузин менамоем. Алҳол дар ин замина низ мо меъёри хоси диду водид надорем, ки ин кори омўзгори адабиётро душвор хоҳад кард.
Вазифаи асосии равиши таълими адабиёти тоҷик дар ин зинаҳои таълим иборат аз он аст, ки дарки ҳаматарафаи адабиёти бадеиро таъмин намояд ва хонандагон мундариҷаи ғоявӣ ва бадеияти асарҳоро дарк карда тавонанд.

пешина
аз 344
навбатӣ