Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҳадафро бо ёрии амалҳои зерин, ки барои ҳамин зинаи таълими адабиёт хос мебошанд, анҷом додан мумкин аст: хониши муассири бадеӣ, нақли мазмуни асари хонда шуда, аз ёд кардани пораҳои шеърӣ ва насрӣ, тафсири якҷояи матни асари бадеӣ, суҳбати ангезанда, супоришҳои мухталиф барои азхудкунии дарунмоя ва мундариҷаи асар, тафсири махсусиятҳои низоми бадеии асар, мавқеи забоншинохтии калима дар матн, таҳлили қиёсӣ (дар мисоли ҳаммонанди адибон).
Таълими адабиёт дар синфҳои болоӣ зинаи хос ва нисбатан мураккаб аст. Осори бадеии адибони тоҷик дар қаринаи (контексти) адабӣ-таърихӣ арзёбӣ мешавад. Онҳо дар алоқамандӣ бо замони таърихӣ омўхта ва таҳлил карда мешаванд. Чунин усули таҳлил бояд тасаввуроти хонандагонро доир ба моҳияти асар, замони таълиф ва хусусиятҳои бадеии он вусъат бахшад. Дар бобҳои монографӣ хонандагон дар бораи ҳаёт ва осори адиб маълумот гирифта, доир ба шахсияти эҷодкор ва осори асосии ў тасаввурот ҳосил мекунанд.
Нақл дар бораи осоре, ки матнаш омўхта мешавад, тафсири он, бояд бо зиндагинома ва роҳи эҷодии адиб пайванд хўрад. Мавзўъҳои обзорӣ бояд ҷараёнҳои адабӣ, тамоюлҳои ғоявии он замони таърихӣ ва арзишҳои иҷтимоию фарҳангии онро ошкор созанд.
Вазифаи асосии равиши таълими адабиёт дар ин зинаи таълим, пеш аз ҳама, хонандагонро бо махсусияти ҷараёни таърихӣ-адабӣ ошно карда, доир ба осори адабӣ тасаввуроти комил ба вуҷуд овардан, маҳорати таҳлили асари бадеӣ ва арзёбии онро дар онҳо парваридан, донишҳои назарӣ ва адабии онҳоро ба низом даровардан, хонандагонро ба кори мустақилона дар болои асари бадеӣ омода кардан ва нутқи онҳоро тушаккул додан мебошад.

пешина
аз 344
навбатӣ