Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Омўзгор метавонад ба хонандагон тавсия кунад, ки осори таърихии адибони тоҷикро хонанд. Хондани осори таърихии устод Садриддин Айнӣ, ба хусус, романҳои таърихии Сотим Улуғзода «Восеъ» ва «Фирдавсӣ», ҳамчунин, қиссаи «Ривояти суғдӣ» ва ҳикояи таърихии «Марги ҳофиз» таассуроти хонандагонро бой карда, дарки зебоишинохтии воқеиятро амиқ мебарад ва ҷаҳоншиносии онҳоро тавсиа мебахшад.
Дар дарси адабиёт омўзгор имкон дорад, ки аз донишҳои аз дарсҳои ҷамъиятшиносӣ ҳосилкардаи хонандагон истифода кунад. Ин имкон медиҳад, ки бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ, ки хонандгон дар дарсҳои адабиёт бо онҳо бархўрд кардаанд, равшан шавад.
Донишҳои ҷуғрофиёӣ имкон медиҳанд, ки бисёр масъалаҳоро саҳеҳ тасаввур кунанд. Ба малакаҳои аз дарсҳои ҷуғрофиё ҳосилкардаи хонанадагон такя карда, омўзгори адабиёт метавонад ба хонандагони синфҳои болоӣ дастур диҳад, ки харитаи сафарҳои адибонро созанд. Масалан, таҳияи харитаи сафарҳои Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Мирзо Турсунзода ва монанди инҳоро.
Хондани осори ба табиат бахшидаи адибони тоҷик, ҳайвонотномаҳо на фақат доираи дониши онҳоро ба усулҳои тасвири бадеӣ меафзояд, балки ба дарки нозукиҳои пайванди инсону табиат низ ёрӣ мерасонад. Ҳамин гуна осори бадеиро омўзгори ҷуғрофиё низ дар дарсҳо метавонад истифода кунад.
Натиҷаи истифода аз алоқамандии фанҳо аз бисёр ҷиҳат ба тавоноии омўзгор дар ташкили ҷараёни таълим ва мувофиқати омўзгорони фанҳои ба ҳам наздик вабаста аст.
Ҳамкорӣ дар ин замина ба нақшаҳои умумимактабӣ низ таъсири муфид мерасонад. Дар ин нақшаҳо на фақат корҳои берун аз синф (масалан, маҳфилҳо, шабнишиниҳо, викторинаи адабӣ оид ба ягон саёҳат, нишастҳо ва ҷаласаҳои ихтисосӣ), балки дарсҳои умумӣ, дарсҳои семинарӣ, ки вазифаҳои умумии омўзиширо муайян мекунанд, зикр мешаванд.

пешина
аз 344
навбатӣ