Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

4.2. ЗИНАҲОИ ТАЪЛИМИ ОСОРИ БАДЕӢ

  1. Таснифоти зинаҳо

Омўзиши осори бадеиро бо мақсади омўзишию методӣ ба чанд зина метавон тақсим кард: дарси муқаддимавӣ, хондани матни асар, шарҳи мавзўъ ва мундариҷаи асар, таҳлили асар, мустаҳкамкунӣ, ҷамъбаст ва хулосабарорӣ.
Ҳангоми таълими адабиёт зинаҳои зикршуда ба ҳамин шакл ба пуррагӣ шояд корбаст нашаванд. Онҳо дар ҷараёни фаъолияти омўзгор яке дигареро тақвият мебахшанд ва ё иваз мекунанд. Масалан, ҳангоми таълими очерки таърихию бадеии устод Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»
хондани пораҳое аз очерк дар дарси муқаддимавӣ хонандагонро фаъол месозад, шавқи онҳоро ба омўзиши минбаъдаи ин асар меафзояд.
Дар навбати худ азхудкунии мундариҷаи асар, ки дар ҷараёни хондани он гузаронида мешавад, ба таҳлили матн ва дарки саҳеҳи маънии аслии мундариҷаи асар мадад мекунад.
Дар айни замон мундариҷаи баъзе қисматҳои низоми таъйиншуда барои омўзиши асари мушаххас дар синфҳои поёнӣ ва болоӣ яксон нест. Ин ба вазифаҳои омўзиш ва синну соли хонандагон вобастагӣ дорад.
Агар дар дарси муқаддимавӣ барои синфҳои 1-11 (аввалин зинаи омўзиши асари бадеӣ) ба хонандагон дар бораи санадҳое, ки дар асари мавриди омўзиш равшан таҷассум ёфтаанд, хабар дода шавад, вазифаи омўзиши адабиёт дар синфҳои боло водор менамояд, ки роҳи зиндагӣ ва эҷодии адиб нисбатан пурра ва бонизом таълим дода шавад. Дар синфҳои поён тафсири пешакӣ имтиёз дошта, дар синфҳои болоӣ тафсири таърихӣ-фарҳангӣ ва таърихӣ-адабӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Масалан, ҳангоми омўзиши шеъри Лоиқ «Корези Фирдавсӣ» дар синфи VII омўзгор дар тафсири пешакӣ оид ба маънии тасвирҳо ва дарунмояи шеър тавзеҳ медиҳад.

пешина
аз 344
навбатӣ