Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин, чиҳати омўзиши адабиёти ҳазорсолаи форсӣ-тоҷикӣ равишҳои тоза ва созгори онро мебояд истифода намоем.
Албатта, дар заминаи дигаргунсозиҳои ҷомеаи муосир дар равиши такмили таълими адабиёт баъзе корҳо шурўъ шудааст, ки усули ҳамгироии тадрис, яъне таълими якҷояи забону адабиёт аз ҷумлаи он ҳаст. Вале дар маҷмўъ, чи дар замони Шўравӣ ва чи ҳоло, мактабу маорифи мо соҳиби равиши барозандаи таълим ва тадриси адабиёт нашудааст.
Вазъи ин соҳа имрўз низ ҳам дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоию миёна, ҳам миёнаи касбию олӣ боиси нигаронӣ мебошад.
Муҳаққиқони соҳа равиши омўзиши адабиётро ҳамчун илми таълими бунёдӣ эътироф карда, шеваҳои тадрис ва фаъолияти омўзгорро дар ҷараёни таълим ва парвариши фаъолияти талабагон барои дарёфти дониш ва малака ба роҳ мондаанд. Ин фан ҳадаф , вазифаҳои таълим, омўзиши адабиёт ва мундариҷаи донишҳои адабиро дар мактаб муайян карда, меъёрҳои илмии интихоби осори ғании адабиро барои дар мактаб омўхтан роҳандозӣ мекунад.
Ҳамчунин, таркиби маълумоти адабии хонандагонро дар давраҳои муайяни омўзиш аз нигоҳи илмӣ асоснок менамояд.
Ниҳоят, ин фан равишҳо ва усулҳоеро, ки хонандагон ба омўзиш ва азхудкунии ғановати осори бадеӣ даст меёбанд, муайян менамояд.
Таҳлили барномаи ҷории адабиёти тоҷик (Душанбе, 2007) аз ҷониби донишмандон ва омўзгорони соҳа нишон медиҳад, ки он ба таҷдиди назари ҷиддӣ ниёз дорад. Ин барнома омўзиши осори паҳну парешони зиёди адибонро бе назардошти хусусияти синну сол ва меъёрҳои сифатии таълим дар бар гирифта, дар синфҳои 5-11 ба таври умум омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти 127 (!) адибро фаро гирифта, омўзиши таълими эҷодиёти 29 адиб дар синфҳои гуногун такроран омадааст.

пешина
аз 344
навбатӣ