МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳатто, адибони ҷудогонаи дар барномаи мазкур овардашуда, аз қабили Варовинӣ Саъдуддин, Абулфайзи Майбадӣ, Фахруддини Розӣ, Нозими Ҳиравӣ ва монанди инҳо дар доираи муҳаққиқони соҳаи адабиёт пурра шинохта нашудаанд. Мушоҳидаҳо аз таҳлили барнома собит месозанд, ки ба хонандагон на парвариши олами зебоӣ, ғановати адабӣ, назокат ва ҳусни маънӣ, завқи зебоипарастӣ, балки як навъ ахбори шарҳиҳолӣ, таърих, тазкиранигорӣ ва маълумоти сатҳии назарии адабиётшиносӣ бе назардошти хусусиятҳои синнусолӣ пешниҳод мегардад.
Аз ҷониби дигар, ба омўзиши асарҳои калонҳаҷм ва арзишманди адибони маъруф ҳамагӣ як-ду соати дарсӣ ҷудо шудааст, ки нокифоя аст.
Гузориши масъалаҳои назарияи адабиёт ва навъҳои адабӣ низ номукаммал сурат гирифтааст. Омӯзиши вазнҳои шеър, баҳрҳо, санъатҳои бадеӣ, ҷинс ва намудҳои адабӣ ноқис ва мухтасар пешниҳод шудааст.
Масалан, дар синфи 5 барои омӯзиши мавзӯи “Зарбулмасал ва мақолҳо” ҳамагӣ 1 соат ҷудо шудааст ва хонанда дар баробари хусусияти жанрии онҳо, ҳамзамон таҳлили ғоявии зарбулмасалу мақолҳо, моҳият ва муҳимияти онҳоро бояд таҳлил ва идрок намояд. Албатта, дар як соат ин ҳадафҳо амалӣ намегардад.
Тарзи гузориши мавзӯъҳо низ сатҳӣ буда, маводи таълимӣ бе таҳлил пешниҳод шудааст. Масалан, зимни таълими мавзӯи Ҷалолуддини Балхӣ пас аз маълумоти мухтасар дар бораи шоир ҳикоятҳои “Бозаргон ва тӯтӣ”, “Марди аблаҳ ва хирс” ва “Табиб ва бемор” пайи ҳам дар ҳаҷми 18 (!) саҳифа оварда шудаанд. Ҳикояти якум аз 94 байт иборат буда, роҷеъ ба он, ҳатто, ягон саволу супориш дар назар гирифта нашудааст. Танҳо барои ҳикояти дуюм дар охир чор савол гузошта шудаасту халос . Роҷеъ ба ҳикояти сеюм низ саволу супорише нест. Чунин тарзи пешниҳоди мавод шавқу ҳаваси хонандаро ба адабиётдӯстиву шеърдӯстӣ коста гардонида, ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё