МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Осори адибони садаи бистум ва даврони истиқлолият асосан дар синфи 11 омӯхта мешавад. Тибқи низоми амалкунандаи соҳаи маорифи кишвар мактаби асосӣ ҳатмӣ буда, бо хатми синфи 9 анҷом меёбад ва таҳсил дар синфҳои 10-11 ҳатмӣ нест. Дар натиҷа тақрибан нисфи хатмкунандагони синфи 9 аз таҳсил берун мемонанд. Онҳо аз осори гаронбаҳои адибони шинохта, мисли устод С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, С. Улуғзода, М. Турсунзода, Ф. Муҳаммадиев, Л.Шералӣ ва дигар адибони муосир бебаҳра мемонанд.
Равиши (методикаи) таълими адабиёт, пеш аз ҳама, ба таърих ва назарияи адабиёт, педагогика, равоншиносӣ, философия, забоншиносӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ алоқамандӣ ва такя дошта, бе амиқ донистани он чи ки адабиётшиносӣ муайян кардааст, ин фан чун илм ҳуқуқи зист надорад. Вале дар ин замина фақат такя ба адабиётшиносӣ кофӣ нест. Ин фан беш аз ин илми омўзишу парвариш, инсоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ аст. Аз ин мавқеъ вай бо фалсафа, маънавият ва ахлоқ робитаи ногусастанӣ дорад.
Ҷавҳари равиши таълими адабиётро усулҳои умумиахлоқӣ чун назарияи омўзиш, ки қонунияти ҷараёни тарбия ва таълимро ба назар мегирад, ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, ин фан бо педагогика ва равоншиносӣ, махсусан, қисмати дидактика, ки масъалаҳои умумидидактикӣ, таҳаввулоти маънавию ахлоқӣ ва рўҳии хонандагонро дар ҷараёни таълим ва тарбия омўхта, асосҳои равонии ин фарояндро бо ҳолатҳои равонии қабули эҷодиёти бадеӣ муайян мекунад, пайванди нагусастанӣ дорад.
Ҳадафи аслии равиши таълими ин фан тарбияи маънавию ахлоқӣ ва маърифати инсон буда, бевосита бо таълими адабиёти бадеӣ сару кор дорад. Табиист, ки вай бо забоншиносӣ, таърих, фалсафа, равоншиносӣ ва илмҳои дигар пайванди ногусастанӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё