Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асли таърихият ёрӣ медиҳад, ки дар мактаб ҳангоми таълим низоми илмии омўзиши адабиёт бунёд карда шавад.
Ин аслият имкон медиҳад, ки давраҳои мушаххаси маълумоти адабиро муайян намоем.
Адабиёт дар ҳамаи синну сол бевосита ба мавқеи инсон дар зиндагӣ, рафтори вай таъсир мегузорад. Инсонро во медорад, ки масъули амалу кирдори хеш бошад. Аксар адибон маҳз дар даврони бачагӣ ва баъд низ ба хонанда таъсири бештар мегузорад.
Мактаб хонандаро дар давоми ёздаҳ сол ташаккул медиҳад. Вале ин чунин маънӣ надорад, ки фақат ба хатмкунандаи мактаб унвони хонандаро ҳадя кунем.
Ҳангоми зарурати омўзиши давраинаи адабиёт бисёр муҳим аст дар назар дошта бошем, ки ҳар кадоме аз давраҳои таҳсилот хатм шудааст ва хонандаи «истеъмолкунанда»-и ҳунар дар даҳ соли омўзиш мисли инсони баркамол бо завқ талабот ва арзёбии худ аст.
Асли маънии тааллуқоти миллӣ мутобиқан ба адабиёт ва ҳунар пайванд мехўрад, махсусияти миллӣ ва ҳадафи ғоявии осори бадеиро ба назар мегирад. Ин асл ҳисоби махсусияти миллии ҳар адабиётро таъйид мекунад, ки барои мактаби миллӣ муқаддам аст. Амалӣ сохтани ин асл дар таълими адабиёти тоҷик муроҷиат ба масъалаҳои ҳамгирои адабиёти халқҳо ва таъсири мутақобилаи онҳоро бо инкишоф ва рушд пешбинӣ мекунад.
Асли ягонагии шакл ва мундариҷа ба шарти идроки ҳаматарафаи осори ҳунарӣ асос меёбад. Ҳатто, дар давраи аввали омўзиши адабиёт, вақте ки хонандагон дар бораи тасвир, ташбеҳ тасаввурот пайдо мекунанд, ба онҳо муҳим аст на фақат ба ёд гиранд, ки ташбеҳ чист,балки он фазилат

1
М.Шакурии Бухороӣ. Инсонгароии омўзиш ва забони миллӣ, саҳ.68.

пешина
аз 344
навбатӣ