Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Истифодаи самаранок ва ҳадафманди дастурҳои фавқ ба ташаккули шахсият ва камолоти маънавии хонандагони мо комилан мусоидат хоҳанд кард.
Усул ва ё методи таълим шева ва тарзу тариқи фаъолияти омўзгор аст ва тавасссути он хонанда аз асосҳои илму дониш ва парвариши тафаккур баҳраманд мегардад.
Мабдаъи донишҳосилкунии хонанда ба тарзу усулҳои фаъолияти таълимии омўзгор вобастагии қавӣ дошта, интихобу истифодаи он аз масъалаҳои муҳими раванди таълим ва омўзиши асри бадеӣ маҳсуб меёбад.
Дар омўзиши адабиёт таснифоти ягонаи тарзу усулҳои таълим вуҷуд надорад, аммо дар интихоби тарзу усули таълим ва ҳадди истифодабарии онҳо маҳорату малака ва қобилияти фардӣ ва касбияти омўзгор мушаххас ва нақши муайян дорад.
Дар мадраса ва мактабҳои тоинқилобии ниёконамон бештар тарзу усулҳои хониш, махсусан, шоҳномахонӣ, қасидахонӣ ва шарҳу тафсири матн, қироати ифоданок ва тиловати оҳангноки пораҳои ҷудогонаи асарҳо мавқеи намоён дошт. Бо мурури замон ва талаби даврони муосир ин гуна усулу шеваҳо такмил ва таҷдид шуда, тавассути дастовардҳои илми муосири дидактика равиши тоза касб намуданд.
Ҳамин тариқ, равиши таълими адабиёт бо мундариҷаи фанни таълимӣ пайванди комил дошта, шароит фароҳам меоваранд, ки таркиби умумии он бо усулҳо ва талаботи таълимии умумӣ ва равишҳои мушаххас мувофиқат кунад.
Хониши матн усули аввалин ва муҳими азхудкунии мундариҷаи ғоявию зебошинохтии матн ва хусусияти бадеии он мебошад.
Маҳз дар ҷараёни ошношавӣ бо китоб адабиёт ҳамчун фан дар тарбияи маънавӣ ва ғоявию ахлоқии хонандагон бевосита иштирок мекунад. Равиши хондан чи дар гузашта ва чи имрўз дар таълими савод ва маърифатнокии хонандагон мақоми хос дошт.

пешина
аз 344
навбатӣ