Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хусусияти адабиёти миллиро набояд якнавохт ва сатҳӣ донист. Онҳо дар тўли инкишоф тағйир хурдаанд ё тағйир меёбанд. Ошкор кардани ин махсусият барои шинохти ҳуввияти миллии адабиёти тоҷик ниҳоят муҳим аст.
Вале ин равиш бояд бо ба эътибор гирифтани моҳияти умумибашарии адабиёти тоҷик ва ғояҳои инсонпарваронаи он анҷом гирад. Ин умумият барои ташхиси хусусияти хоси адабиёти тоҷик усули бебадал аст.
Асли равишҳое, ки зикр шуд, ҳангоми ташкили дарси адабиёт дар ҳамаи синфҳо фаъолона истифода бурда мешаванд. Вале нақш, меъёр ва дараҷаи таъсири онҳо дар ҳар синф як хел нест. Чунки дараҷаи омодагии ҳар синф гуногун аст. Масалан, усули дастрасӣ дар вақти фаъолият бо хонандагони синни хурду миёна муҳим ва натиҷанок аст.
Вале истифодаи он дар синфҳои боло низ манфиатбахш аст.
Дар ин сурат мо нафақат имконияти синнусолӣ, балки захоири маълумот, омодагӣ ба дарки ин ё он маводро ба ҳисоб мегирем.
Усули мунтазамӣ дар дарсҳои адабиёт ба тарзи гуногун корбаст мешавад: мантиқи ҷойгиршавӣ ва мураккабшавии мавод, ки аз рўи мавзўъ таҳия шудааст, таносуби жанрҳоро ба назар мегирад.
Меъёр ва дараҷаи истифодаи усули аёният низ гуногун аст. Худи аёният, ки дар синфҳои гуногун метавон аз он истифода кард, намудҳои мухталиф дорад.
Тарзи истифодаи усулҳо, хусусияти фаъолияти омўзгор, ҳар усули амалишаванда, на фақат ба синну соли хонандагони синф, балки аз вазъияти мушаххаси ҳар дарс низ вобаста мебошад. Усулҳое, ки омўзгор корбаст мекунад, на фақат ба ташкили ҳадафманди дарси адабиёт мусоидат мекунанд, балки мавқеияти муайяни хонандагонро шакл медиҳад. Ба мавқеияти фаъоли ҳаётӣ, ки мактаби миллии мо шакл медиҳад, ҳадафҳо, тамоюлҳои арзишманде дохил мешаванд, ки барои ташаккули шахсияти баркамол муҳиманд.

пешина
аз 344
навбатӣ