МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ба шаҳодати М. Шакурӣ «талабагон дар мактаби тоҷикии асрҳои гузашта ба воситаи асарҳои Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва Навоиву Фузулӣ, ки шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонанд, ба арзишҳои олии инсонӣ ва таҷрибаи маънавии замонҳо ва халқҳои гуногун ошно мешуданд. Инсон аз аввал, аз кўдакӣ имконе пайдо мекард, ки ҳофизаи худро инкишоф диҳад, онро аз дороиҳои маънавию эстетикӣ ғаномандӣ афзояд. Ин аст, ки омўзишу парвариши асрҳои гузашта, бо вуҷуди ҳама норасоиҳояш, ба устувор кардани пояҳои маънавии ҳастии инсон, устувор кардани ҳикматпарварӣ, парастиши сухан ва ақлу хирад равона шуда буд. Сухани олии Саъдиву Ҳофиз, Бедил ва дигар бузургон шахсро аз аввали роҳи ҳаётӣ
1 ба ҷиддитарин ҷустуҷўйҳои фалсафию ахлоқӣ шарик месохт».
Дар таърихи мактабу маорифи мо бартарӣ пайдо кардани хониши бадеӣ беҳикмат набудааст. Хондан пеш аз ҳама мактаби бузурги саводомўзӣ буд, сониян дари ҳикмат, одаму одамгарӣ ва маънавиёти баландро ба рўи хонанда мекушод.
Бартарии хониши бадеии муассир имрўз низ дар он аст, ки ба воситаи он хонанда мазмуни матнро зуд аз худ мекунад, балоғат ва нафосати забони тоҷикиро ҳис мекунад.
Хонандагон аз асари хондаашон таъсир мегиранд ва ин таъсир, онҳоро дар фаъолияти минбаъдаашон дар роҳи омўзиши адабиёт ҳамроҳӣ менамояд.
Хондани матн дар синф ба сари худ арзиши хоси зебошинохтӣ дорад. Вале дар таҷрибаи мактабҳои мо хусусияти хоси забонию бадеии онро, ба тавре ки лозим аст, ба ҳисоб намегиранд. Хондани муассир бояд хусусияти хоси бадеӣ ва забонии асарро ифода кунад. Ин усули хониш ба хонанда имкон медиҳад, ки дар бораи жанри асар аввалин тасаввуротро пайдо кунад. Агар хониши бадеӣ дар таълими адабиёт дуруст ба роҳ монда шавад, вуруди хонандагонро ба дарёфти донишҳои назарӣ ва амалии адабӣ осон ва
М.Шакурии Бухороӣ. Инсонгароии омўзиш ва забони миллӣ, с. 39 самаранок мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё