МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Тарзи хондани асари бадеиро на хонанда, балки муаллифи асар илқо мекунад. Барои ҳифзи ягонагии асар ва идроки комили матн тарзи муаллиф бояд ҳифз карда шавад. Масалан, дар осори лирикӣ муаллиф аз номи қаҳрамони лирикӣ сухан мегўяд. Дар вақти хондан бояд тобишҳои сухани қаҳрамони лирикӣ ифода карда шавад.
Хонандагон бояд хониши муассирро гўш кунанд.
Шунида тавонистан унсури муҳими равиши хониши муассир аст. Хониши муассир бо тамоми низоми омўзиши адабиёти тоҷик алоқаманд мебошад. Усули таълим ва муносибати ҷиддӣ ба хониши муассири бадеӣ ба равиши омўзиши он вобаста мебошад. Дар ин равиш сухани омўзгор барои хонанда арзиши тақдирсоз дорад.
Сухани омўзгор ба воситаи нақл воқеӣ мешавад. Дар ин сурат хусусияти синнусолӣ ва ғунҷоиши идроки бадеии хонандагонро бояд дар назар дошт.
Ҳикояти омўзгор дар дарс маълумоти мухтасари муассирро дар бораи зиндагиномаи адиб, қисмати осори бадеӣ, замони таълифи он, замон ва макони ҷуғрофиёӣ ва ғайра фаро мегирад. Суханронии омўзгор бояд аз назари сохтор ва мундариҷа комил бошад, санадҳои муҳими таърихӣ, тарҷимаиҳолӣ, эҷодӣ, адабиро дарбар гирад, ба матни бадеӣ ва ёддоштҳо такя кунад. Ҳамин гуна усулро мо метавонем дар синфҳои 7-11 истифода барем. Вале дар синфҳои боло вай як дараҷа мураккаб мешавад.
Ҳикоят бо унсурҳои суханронӣ василаи муъҷаз ва судманди донишдиҳӣ ба хонандагон мебошад. Вай имкон медиҳад, ки дар муҳлати кўтоҳ мазмуни маводи адабӣ баён карда шавад. Дар баёноти омўзгор бояд ғановати забони асари бадеӣ таҷассум ёбад. Хонандагон ба сухани омўзгор гўш дода, доир ба асар, ҳодисаҳои тасвиршуда ва ҷараёни ҳаводиси иҷтимоию адабӣ хулоса мебароранд. Арзиши тарбиявии ин равиш аз он иборат аст, ки ёди хонандагонро тақвият мебахшад, ҳисси коршиносӣ ва лаёқати онҳоро афзоиш медиҳад, онҳоро ба ифодаи андеша ва натиҷагирӣ завқ мебахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё