Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳикояти омўзгор бо фарогирии аносири лексия (суханронӣ) ; бо асосҳои боҳадаф, мундариҷа ва таркиби мавод тафовут дорад. Дар таҷрибаи омўзгори адабиёт маҷмўи усулҳое амалӣ мешавад, ки ба дарки ҳикоят лексия мусоидат мекунад. Дар ин равиш кор бо нақша, истифодаи воситаҳои аёнӣ, хониши пораҳои асари бадеӣ, шунидани суханронии кўтоҳи хонандагон, навиштани ҳикояти омўзгор, мустаҳкам ва такрор кардани маълумоти ҳосилшуда нақши муҳим дорад.
Масалан, ҳангоми омўзиши ҳаёт ва осори Лоиқ омўзгор чунин нақлро корбаст карда таъкид мекунад, ки Лоиқ дар силсилаи «Ман намемирам» қисмати ояндаи шеъраш ва ҷовидонагии онро дақиқан баён ва пешгўӣ кардааст. Омўзгор метавонад аз ҳашт пораи шеъри поён, ки дар навъи чаҳорпора навишта шудааст, пораҳои лозимиро хонад ва ҳикояташро тақвият бахшад.

То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст,
Сулҳу ҷангам бо тамоми Ҳурмузу Аҳриман аст.
Баҳри шуҳрат нест ҳаргиз шеърпардозии ман,
Шеърпардозиам ошўбе ба рағми мурдан аст.
Дар миёни ин ҳама ҷангбозию розу ниёз,
Бо ҳама эҳсоси гарму шавқу шўри дилгудоз,
Ман ба ин серўзадунё ҳадя созам умри худ,
К-аз ҳисоби умри кўтоҳам шавад умрам дароз.
Ман бар онам, ки ҷаҳони обу гил то ҷовидон
Пиртар гардад ба солу чун сухан монад ҷавон.
Ман бар онам, ки одамӣ ҳар қадр комилтар шавад,
Ташнатар гардад ба меҳру сертар гардад зи нон.
Ман бар онам, гарчи раҳ бурдем то сайёраҳо,
Гарчи нуристони бисёре бало кардем мо.
Шоири равшандиле, соҳибкамоле бештар
Мекунад равшан дили торику ақли тираро…
Гарчи ман ҳам зодаи ин кўҳсорон будаам,

пешина
аз 344
навбатӣ