Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
онҳо раҳму лутф намояд, обрӯяш баланд мешавад. Пас, ин ду хислат, яъне насиҳат намудану лутф кардан, баҳра ва самараи сифати фазилат аст. Мо ба ҳамин кифоя мекунем.
Такаббурию худписандӣ1
Пас мегӯем: Ҳар инсоне дӯстдори нафси худ мебошад. Баъзан дар ҳаёт нафси худро беш аз лозим дӯст дошта, фавқулодда меписандад. Дар натиҷа қабоҳати нафсро ҳамчун аъмоли қабоҳат пай намебарад. Ҳамеша кас аъмоли қабоҳату писандидаро ба дигарон мушоҳида мекунад, вале аз они худро пай намебарад. Одамизод агар то ҳол ҳолати дӯстию душманиро насанҷида бошад, вай чигунагии ин ду ҳолатро тасаввур карда наметавонад. Агар ақли вай то даме ба ташвиши ишқу улфат дучор наояд, он шахс то андозае аз ҳадди идроку лаззати ин ду чиз маҳрум аст. Пас, дар ин ҳолат фазилати ночизе аз ҳолатҳои зикршуда дар нафси чунин инсон ҳосил гардад, ҳамоно нафси вай он фазилати ночизро хеле азим мешуморад. Чунин ашҳос мунтазири он мешаванд, ки барои он зарраи фазилати ҳосилгардида мадҳу ситоиши аз ҳад зиёдеро бишунаванд. Агар чунин ҳолат бар вай бо осонӣ муттамакин шавад, он гоҳ соҳибашро оқибат ба дараҷаи такаббурӣ мерасонад. Махсусан, агар соҳиби ин мараз бинад, баъзе мардум ӯро барои он фазилати ночизе мадҳу ситоиши беҳаду беҳуда карда, покии кори ӯро маъқул мешуморанд. Аломати худписандӣ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки шахси худписанд ба ҳама аъмоли дигарон иллате пайдо карда, ба ҳар чизе нигариста айбе меҷӯяд. Шахси худписанд ҳаргиз афкори мутараққӣ ва ё худ пешравии такомули дигаронро қабул намекунад, зеро ки худписанд танҳо ба фикри худ розӣ ҳасту бас. Агар худписанд аспи худро писандид, онро ба ҳеҷ аспе беҳтар аз он ҳам иваз "наменамояд. Дар тасаввури худписанд беҳтар аз чизи ӯ дигар чизе вуҷуд надорад.
Агар худписандро амале писанд ояд, он гоҳ вай аз ин гуна амал вуҷудиёти дигар амали болотар ва афзалтарро қабул надорад. Пас, ҳар касе, ки гирифтори чунин нуқсон аст, агар ислоҳи онро нахоҳад, он кас аз қаринҳо ва ҳамсолони худ ақиб мемонад. Агар наздикону ҳамсолони вай худписанд набошанд, он гоҳ
1 Ҳамон ҷо, с. 74-75

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё