Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

он нуқсонҳо такомул наёбанд. Дар чунин маврид он шахси навакак ба доираи худписандӣ афтода, бо таъсири муҳит аз банди худписандӣ наҷот ёфта пеш меравад, тараққӣ мекунад. Чунин ашхос ба ҳадде мерасад, ки хислати худписандиро ба куллӣ паси сар менамояд..........

Пас касе аз ин ду одат (худписандӣ, такаббур) ҳазар кунад, ҳар рӯз нуқсони худро пай бурда, нафси худро маҳкум медорад ва ба ин амал аз тору пуди ҳисси такаббуру худписандӣ нафсашро муҳофизат карда метавонад. Пас, кӯшиш ҷонкос аст, ки нафс ҳаргиз ба ҳисси такаббур таъзим накунад. Дар ҳузури дигарон суханони мадҳияро перомуни қадру қиммати худ баён кардан нагирад, аз дигарон бе асос афзалиятнокӣ наҷӯяд.........

Аломати иқбол ва давлат1

Ба номи Худои бахшандаву меҳрубон чунон ки Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ мефармояд. Бидон, ки гуфтор andar баён кардани масъалаи иқбол ва давлат ва ошкор сохтани сабабҳои он мушкилу номафҳумиҳо дошта, баҳси дуру дарозеро дархост менамояд.

Ва ҳалли он вобаста мебошад ба таҳлилу омӯзише, ки такя ба иқболу давлат далели аломатӣ дорад.....

Яке аз аломатҳои иқбол вобаста ба он аст, ки шахс дар илм комёбӣ ба даст оварад. Чунин ҳолати фавқулодда бар изофаи ҳамаи он хислатҳои табиие, ки ӯро фароҳам аст, гирифтор шуда, то ба дараҷаи эҳтироми умум бурда мерасонад. Ин далолати хушбахтии он шахс аст.

Яке аз сабабҳои дигари рӯйдоди иқбол ва давлат хоҳ вай сабаби илоҳӣ бошад ва хоҳ табиӣ, ба қувваи зиёде, ки он вобастаи фаровонии модда ба зудӣ таназзул наёфта, бо суръат нашъунамо менамояд. Далели ин гузариш аз як ҳолат ба ҳолати дигар ва махсусан гузариши аҷибу беҳамто мебошад. Ҳаргиз чунин гузарише бо воситаи қувваи ночизе ё худ камин модда ба амал омада наметавонад. Ба вуқӯъ омадани гузариш аз як ҳолате ба ҳолати дигар он гоҳ муяссар мегардад, ки аломати фаровонии қувваи гузаронандаҳо вуҷуд дошта бошад. Ин яке аз беҳтарин иллати иқбол ба ҳисоб меравад.

1 Ҳамон ҷо, с.119-122

пешина
аз 566
навбатӣ