Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Ва аломати дигари иқбол ва давлат вобаста ба омодаи муносиби амрҳо ва пайдарҳамию анҷомпазирии онҳо мебошад. Мувофиқати пайдарҳамии онҳо вобаста аст ба пешравии амрҳое, ки хоҳ шариф бошад ва хоҳ ночиз. Валекин дар корҳои бузург ҳатман амрҳо ба ҳамдигар мувофиқат дошта бошанду далолати якдигар бикунанд. Инҳо ба он далолат мекунанд, ки ҳолати ҳар як шахс ва кифояту такягоҳи ӯро қуввае ташкил медиҳад, ки он берун аз қувваи табиии ӯ мебошад. Зеро, ки шахс кафил ва офаридаи иқтидору бозуи ҳамон қувва мебошад. .....
Яке аз аломатҳои дигари иқболу давлат вобаста ба рафтори нафс ва мувофиқат кардани он ба тартибу раёсати муайяне мебошад, ки он бештар ба сифатҳои баландҳимматӣ, саховатмандӣ, далерӣ, фозилӣ ва устувору қавӣ гардидани дараҷаи камолот алоқаманд мебошанд.......
Аломати минбаъдаи иқбол ва давлатан бобастан майли ишқу раёса доштан ва афзунии кӯшиши шахс ба сӯи он то ба дараҷае ки бе ноил гаржидан ба вай дигар зиндагӣ бароиш маънии худро гум кунад. Вай ба ғайр аз ноил шудан ба он ба ягон амри дигаре аҳамияти ҷиддӣ надиҳад.
Аз иҷрои ин амал танҳо шахсе мебарояд, ки агар ӯ дар ҳақиқат сазовори ин раёсат шуда бошад.
Аломати дигари иқболу давлат вобаста ба он аст, ки шахс дар амрҳои норавшану шубҳанок бо ҳалиммию эҳтиёткорӣ ноил шавад. Ва чунин рафтори шахс ӯро аз содир кардани саҳв муҳофизат намуда, ӯро барои дуруст дарк намудани ҳақиқати амрҳо раҳнамой менамояд.
Аломати дигари иқболу давлат вобаста ба фазилат, росткорӣ, дақиқии ҳиссиёт ва зикру пешгӯй карда тавонистани ҳамаи он чизҳое, ки дар гузашта ва оянда бо вай рӯй хоҳанд дод. Чунин шахс шояд ба воситаи қувваи илоҳӣ ба чунин амали росткорию покдорӣ муваффақ мегардад. Ин гуна сифатҳо ба вай то даме вуҷуд дошта метавонад, ки агар он шахс поку фозилу сиёсатмадор бимонад. Барои шиддати равнақёбии эҳтиёҷи раис ва сиёсатмадор ба фазилат ва илм он гоҳ зарурият пайдо мекунад, ки дар байни сиёсатмадору тобеон ҳисси қаноатмандӣ ҳосил гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё