Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Воқеаҳои ҳаётие, ки дар муддати умри дарози Рӯдакӣ дар пеши назари вай рӯй дода буданд, махсусан дар охири умри ӯ ба вуқӯъ омадани фоҷиаҳои зиндагӣ ӯро ба чунин тарзи тафаккури мистикӣ ва дарки чуқур накардани моҳияти ҳаёт овардааст. Бинобар ин, Рӯдакӣ пайваста аз таҷрибаи ҳаёт омӯхтанро талаб менамоянд ва онро ҳамчун меъёри зиндагии хуб донистааст:
Зиндагонӣ чӣ кӯтаю чӣ дароз,
На ба охир бимурд бояд боз?
Хоҳӣ андар анову меҳнат зӣ,
Хоҳӣ андар нишоту неъмату ноз.
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Умуман, дониш ва илмомӯзиро Рӯдакӣ аз ҳама сарватҳо боло дониста, пайваста таъкид менамояд, ки дар ҳама давру замон инсони комил ба ин неъмат эҳтиҷӯ доштааст ва ба машаққатҳою меҳнати зиёд донишро аз худ намудаанд:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз,
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро бо ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бигзоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст.
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ҳеҷ ганче нест аз фарҳанг беҳ,
То тавони рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Бояд гуфт, ки шоир бо роҳи тавсифи дониш падару модар ва донишмандонро ба тарбияи фарзандон ва додани дониш ба онҳо даъват намуда, донишу хирадро мисли тандурустӣ ба ҳар як фарди соҳибақл шарти зарурии зиндагии хуб шуморидааст:
Эй дарего, ки хирадмандро,
Бошад фарзанду хирадманд не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё