Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
меҳисобад, яъне инсон фақат тавассути хирад роҳи дурусти худро пайдо ва мавҷудоти дигари оламро пурра дарк карда метавонад.
Бояд гуфт, ки сайқалу рушди хирадро шоир дар донишу донишомӯзии ҳар як фард дида, таъкид месозад, дар ҷаҳонфаҳмӣ ва дарки сирру асрори илоҳӣ низ донандагони ақлу дониш авлотаранд:
Ба дониш бувад мардро замонӣ,
Бубандад зи бад даст оҳарманий.
Аз ин хотир таъкид мешавад, ки ҳар мақсаде, ки инсон дар кору фаъолияти хеш дар тӯли зиндагии кӯтоҳи худ иҷро мекунад, нишонаи хиради ӯ буда, ахлоқу низом, накӯкорию созандагии ӯро инъикос менамояд.
Некию накӯкорӣ, ки беҳтарин хислатҳои инсонист, аз дониш ғизо гирифта, ба хирад вобастагии қавӣ дошта, якдигарро пурра мекунанд, яъне ҳар қадар инсон дониши чуқур дошта бошад, ҳамон қадар хулқу атвори ӯ некӯ буда, омоли ӯ хирадмандона мебошад:
Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
Албатта, роҳи зиндагӣ чунон печ дар печ аст, ки доимо неку бад, хираду бехирадӣ дар паҳлӯи якдигаранд ва фирефтаи замон набояд шудан. Чунончи шоир мегӯяд:
Киро дар ҷаҳон ҳаст ҳушу хирад,
Куҷо ӯ фиреби замон мехӯрад.
Аз ин нуктаи назар Фирдавсии бузург хирадро якумин нишонаи роҳбарӣ номида, фақат роҳбари хирадмандро парастиш дорад:
Чу фарру хирад дораду дину бахт,
Сазовори тоҷ асту зебои тахт.
Бинобар ин, босуботию устувории ҳукмрониро шоир дар хирад дониста, шоҳону амиронро ба хираду хирадмандӣ даъват менамояд. Сабаби шикасти шоҳи шоҳон Ҷамшеду Ковусро низ дар бехирадию мағрурию камдонишии онҳо шуморида мегӯяд:
Нахустин нишони хирад он бувад,
Ки аз бад ҳамасола тарсон бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё