Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Бидонад тани хешро дар ниҳон,
Ба чашми хирад ӯсту бояд ҷаҳон.
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Гарчанде дар «Шоҳнома»-и безавол мо баъзан бо ривоёти таърихӣ дучор шавем ҳам, шоир доимо дар талоши он аст, ки ҳақиқату ростии ҳаётиро тасвир намуда, моро ба роҳи росту ҳақиқии ҳаёт ҳидоят намояд:
Мар инро дурӯғу фасона мадон,
Ба яксон равиши замона мадон.
Аз ӯ ҳар чӣ андар хӯрад бохирад,
Дигар бо раҳи рамз маънӣ барад.
Яке аз нишонаҳои хирадмандии роҳбариро шоир дар сухани накӯю ҳалим гуфтан мебинад ва таъкид месозад, ки сухани нек ва муомилаи хуб ба зердастон гувоҳи хиради инсон аст:
Ту чандон, ки бошӣ суҳангӯй бош,
Хирадманд бошу накухӯй бош.
Нигар, то чӣ кори ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чӣ гӯй, ҳамон бишнавӣ.
Аз нигоҳи Фирдавсӣ роҳбар чӣ қадаре, ки хирадмандтар бошад, ҳамон қадар қадру эътибораш баланд гашта, файзу баракати кораш меафзояд.
Ба Худованд наздик шуда, адло пешаи кори худ мегардонад:
Ҳаме подшоҳе, ки дорад хирад,
Зи гуфти хирадманд ромиш барад.
Ба Яздон хирадманд наздиктар,
Бадандешро рӯз ториктар.
Ҳамин тариқ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, шоҳасаре мебошад, ки то даме Замину Осмон ҳаст, ҳидояти инсонҳо - роҳбаронро ба хираду хирадмандӣ, донишу донишомузӣ, некиву накӯкорӣ, покию покдории фаъолият, ростию ҳақиқатпарастӣ, дӯстию рафоқат, муомилаи нек ва зиндагонии хуб ҳидоят намуда, ба ин васила дар менеҷменти муосир мақоми аввалро соҳиб гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё