Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МУҲАММАД ИБНИ ЯЪКУБ
(936 - 1030)

Олими барҷастаи фалсафаи ахлоқ Муҳаммад ибни Яъкуб дар шоҳасари оиди таърихи ахлоқу одоб таълиф намудаи худ «Ҷовидон хирад» як қисми алоҳидаи китобро ба васиятҳои Луқмони Ҳаким ба писараш бахшидааст.

Бояд гуфт, ки Луқмони Ҳаким рамз бошад ё шахсият ҳарду зодаи муҳити машриқзамин буда, барои пурра ва дурусттар дарк намудани масоили панду ахлоқи мақоми арзанда дорад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ин марди ҳаким дар замони Довуд умр ба сар бурдааст, ки тахминан ба солҳои 1010 - 970 қабл аз мелод рост меояд.

Хонандаи азиз, мо минбаъд Луқмони Ҳакимро ҳамчун қаҳрамони хирадманди миллати тоҷик муаррифӣ намуда, бисёр ҳикояву ривоятҳо аз номи ин қаҳрамон ба Шумо пешниҳод менамоем.

Дар осори донишмандони тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Рӯмӣ, Носири Хусрав ва дигарон аз номи Луқмони Ҳаким ривояту ҳикматҳои зиёде оварда шудаанд. Панду ҳикматҳои Луқмони Ҳаким бо забонҳои гуногуни мардумони Шарқ ва Ғарб тарҷума ва нашр шудаанд, номбурда махсусан, дар Ҳиндустон хеле маъмул аст.
Дар Ғарб бошад, Луқмонро ҳамчун муаллифи 41 масал мешиносанд, ки бо забонҳои лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ, полякӣ ва ғ. чоп шудааст.

Оиди манфиати пандҳои Луқмон, Носири Хусрав менависад:
Обод ба ақл гашт гардун,
В - озод ба ақл гашт Луқмон.

Хонандаи азиз, мо низ зарур шуморидем, ки барои пурратар кардани мафҳуми хиради роҳбарӣ дар ин қисми китобамон панду ҳикматҳои Луқмони Ҳакимро аз китоби Нуралиев Юсуф, ки бо номи Луқмони Ҳаким, тавассути нашриёти «Ирфон» соли 1991 дар ҳудуди 96 саҳифа бо забони тоҷикӣ чоп шудааст, ба Шумо ҳамчун гулчин пешниҳод намоем:

пешина
аз 566
навбатӣ